Сабзӣ дар Тоҷикистон се баробар қимат шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Даҳаи ахири моҳи июн дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нархи баъзе маҳсулоти кишоварзӣ боло рафт. Ба андозаи рекордӣ нархи сабзӣ ва олу боло рафт, ки 2-3 баробарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли 2021 нархи сабзӣ ба ҳадди рекордӣ – 10 сомонӣ барои 1 кило боло рафта, соли 2022 то 1,5-2 сомонӣ поин фаромад, лекин имсол боз ҳолати соли 2021 такрор мешавад.

Ҷойи сеюмро аз лиҳози болоравии нарх гелос ишғол мекунад, ки нархаш аз оғози ҷамъоварии ҳосил поин нарафт.

Ба таври назаррас болоравии маҳсулоте ба мисли шир, биринҷ, шакар, боимҷон ва шафтолу низ ба мушоҳида мерасад.

Дар ҳамин ҳол, нархи орд, равғани растанӣ, тухм, бодиринг ва пиёз ба таври қобили мулоҳиза поин рафтааст.

10 маҳсулоте, ки қимат шуд

Сабзӣ имсол 3 баробар қимат шуд. Агар 23 июни соли 2022 нархи 1 кило сабзӣ дар бозорҳои Душанбе ба ҳисоби миёна 2 сомониро ташкил медод, пас имсол он 6 сомонӣ нарх дорад.

Олу – 100% (2,5 сомони соли гузашта – 5 сомонӣ имсол барои 1 кило)

Гелос  – 50% (20 – 30 сомонӣ барои 1 кило)

Шир – 33,3% (6 – 8 сомонӣ барои 1 литр)

Шакар (қанд) – 25% (10 – 12,5 сомонӣ барои 1 кило)

Шафтолу – 25% (8 – 10 сомонӣ барои 1 кило)

Боимҷон – 20% (6 – 7 сомонӣ барои 1 кило)

Помидор – 20% (5 – 6 сомонӣ барои 1 кило)

Картошка – 18% (5,5 – 6,5 сомонӣ барои 1 кило)

Биринҷ – 17,6% (15,3 – 18 сомонӣ барои 1 кило).

5 маҳсулоте, ки арзон шуд

Тухм 40% арзон шуд (23 июни соли гузашта як қуттӣ тухм ба ҳисоби миёна 42 сомонӣ нарх дошт, имсол – 30 сомонӣ

Бодиринг – 33,3% (8 – 6 сомонӣ барои 1 кило)

Равғани растанӣ – 25% (20 – 16 сомонӣ барои 1 литр)

Орди навъи 1-ум – 23,4% (5,8 – 4,7 сомонӣ барои 1 кило)

Пиёз – 14,3% (4 – 3,5 сомонӣ барои 1 кило).

Нархи дигар навъи сабзавоту мева тақрибан дар ҳамон сатҳи соли гузашта боқӣ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи фермерон, имсол ба нархи маҳсулоти кишоварзӣ ҳавои гарм ва норасоии об таъсир расонида метавонанд. Он аллакай ба ҳосили помидор ва қаланфури булғорӣ, қариб ду баробар зиёдшавии арзиши қувваи корӣ (соли гузашта рӯзи кории ҷамъоварандагон ҳосил 50 сомонӣ буд, имсол ҳатто ба 100 сомонӣ розӣ намешаванд), гароншавии хидматрасонии техникаи кишоварзӣ ва нақлиёт таъсир расонидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...