Имрӯз дар Душанбе яхмосу дӯғоб ва қаннодиву ҳалвопазӣ ба намоиш гузошта мешавад

Имрӯз, 29-уми июн, даври шаҳрии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан ва Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва дар он ғолибон муайян шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд. Дар ин бора Ҷамшед Олимов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин даври дуюми фестивалу озмун буда, […]

Имрӯз, 29-уми июн, даври шаҳрии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан ва Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва дар он ғолибон муайян шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд. Дар ин бора Ҷамшед Олимов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин даври дуюми фестивалу озмун буда, соати 18:00-и шоми имрӯз дар “Боғи Фирдавсӣ”-и пойтахт баргузор хоҳад шуд.

“Даври аввали Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан ва Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор шуда буд ва шоми имрӯз ҳунар ва маҳсули кори ҳунармандону ширкатҳое, ки дар он давр ғолиб омада буданд, ба намоиш гузошта мешавад. Ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ мекунанд ва беҳтаринҳоро ба даври ҷумҳуриявии фестивал ва озмуни мазкур роҳхат медиҳанд”, – шарҳ дод Ҷамшед Олимов.

Сухангӯи шаҳрдори Душанбе мегӯяд, аз ҷониби шаҳрдорӣ барои баргузории Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан 26 ҳазору 340 сомонӣ ва барои ташкили Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ 16 ҳазору 860 сомонӣ ҷудо шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, муовини шаҳрдори Душанбе – сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва ҳукумати шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан дар шаҳри Душанбе ва Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ муваззаф шудаанд.

Ҷамшед Олимов таъкид кард, ки даври ҷумҳуриявии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан ва Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва ғолибон муайян мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.