Гумонбари куштори як тоҷикистонӣ дар ИМА боздошт шуд

Мақомоти пулиси Стоктон (шаҳре дар Калифорния, ИМА) гумонбар ба куштори тоҷикистонӣ Илҳом Шодиевро ба ҳабс гирифт. Ӯ рӯзи 15 июн паронида шуда буд. Тавре ки дар Twitter-и мақомоти пулиси Стоктон хабар дода мешавад, муфаттишон Эндрю Кристофер Уотсони 29-сола, сокини Мантекро боздошт кардаанд. “Аз рӯи ин парванда чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд”, – гуфта мешавад дар хабар. […]

Мақомоти пулиси Стоктон (шаҳре дар Калифорния, ИМА) гумонбар ба куштори тоҷикистонӣ Илҳом Шодиевро ба ҳабс гирифт. Ӯ рӯзи 15 июн паронида шуда буд.

Тавре ки дар Twitter-и мақомоти пулиси Стоктон хабар дода мешавад, муфаттишон Эндрю Кристофер Уотсони 29-сола, сокини Мантекро боздошт кардаанд.

“Аз рӯи ин парванда чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ боздошт шудааст.

“Дар давоми ҳафтаи дигари пас аз куштор муфаттишон барои муайян кардани автомашинае, ки аз он тирпаронӣ шуда буд ва гумонбари ин кор, аз сабти камераҳои назоратӣ, нишондодҳои шоҳидон ва кумаки ҷомеа истифода бурданд. Баъдан санади ҷустуҷӯ таҳия гардида, субҳи 24 июн Уотсон боздошт шуд”, – омадааст дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки ронандаи автомашинаи боркаши Amazon, зодаи Тоҷикистон Илҳом Шодиев пас аз тирпаронӣ дар шоҳроҳи автомобилгард дар шаҳри Латропи Калифорния (ИМА) ба ҳалокат расид. Ҳодиса рӯзи 15 июн рух дода буд.

“Бар асари тирпаронӣ мошини боркаш бо ядак (притсеп) аз зери идора баромада, аз роҳ берун рафт ва ба ду мошини дар таваққуф қарордошта ва бинои маъмурӣ бархӯрд. Ронанда аз силоҳи оташфишон захм гирифта, ба бемористони ҳавзаи Сан-Хоакин интиқол дода шуд ва дар ҳамон ҷо ба ҳалокат расид”, – шарҳ дода мешавад дар хабари мақомоти пулиси Стоктон.

Қобили зикр аст, ки Илҳом Шодиев соли 2018 пас аз дарёфти корти сабз (грин-карта) ба Амрико муҳоҷират карда, ба ҳйфси ронандаи мошинҳои боркаши ҳамлу нақли бор ба масофаҳои дароз кор мекард. Ӯ ҳамсар ва ду фарзанди хурдсол дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.