Наҷоти 3 нафар дар дарёи Сир. Ду нафари онҳо наврас будаанд

Наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд рӯзи 2-юми июл, ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили рӯди Сир се нафар, аз ҷумла ду наврас ва як мардро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. “Аз ин се нафар ду нафар сокини шаҳри Хуҷанд буда, ҳарду 13-солаанд. Ва сеюмӣ сокини деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан буда, 29 сол […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд рӯзи 2-юми июл, ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили рӯди Сир се нафар, аз ҷумла ду наврас ва як мардро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

“Аз ин се нафар ду нафар сокини шаҳри Хуҷанд буда, ҳарду 13-солаанд. Ва сеюмӣ сокини деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан буда, 29 сол доштааст”, – иттилоъ додааст сомонаи КҲФ.

Ба итилои ин ниҳод, ҳар се дар ҷойи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекардаанд.

Гуфта мешавад, пас аз наҷот ба онҳо кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида шудааст.

КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳамгоми ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатарии оббозӣ ва шиновариро ҷиддан риоя намоянд.

Ин ниҳод ба волидон ҳушдор додааст, ки оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ ҳамеша хатарнок аст ва нагузоранд, ки фарзандони ноболиғашон танҳо  оббозӣ раванд.

Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон то 5-уми июн дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 47 нафар, аз ҷумла 26 ноболиғу наврасони синни то 16-сола ғарқ шудаанд.

Ба иттилои КҲФ сабаби асосӣ – риоя накардани қоидаҳои бехтарӣ дар об ва беназорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби калонсолон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.