Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон 288 млн доллар кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 560 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки 34% ё худ 288 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Коҳиши ҳаҷми содироти кишвар дар навбати аввал ба кам шудани фурӯши фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо (коҳиш – 97%), нахи пахта (55%), молу маснуоти нассоҷӣ (44%) вобаста аст.

Ғайр аз ин, ҳаҷми содироти сабзавоту мева, инчунин маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентратҳо, неруи барқ, ангишт) низ кам шудааст.

Шарикони асосии Тоҷикистон аз рӯи содирот дар ин давра Қазоқистон – 23,6% (аз ҳаҷми умумии содироти мол), Чин – 22%, Туркия – 13,1% ва Русия – 12,9% мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, воридоти молу маҳслуот баръакс, ба андозаи 21% – аз 1,9 млрд доллар дар моҳҳои январ-майи соли 2022 то ба 2,3 млрд доллар афзудааст.

Воридот асосан аз маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва ғайра) – 17%, мошин ва таҷҳизот – 14%, фулузоти арзон ва маснуот аз он – 10% иборат аст.

Ба ҷумҳурӣ асосан аз Русия (27,8% аз ҳаҷми умумӣ), Чин (20,4%) ва Қазоқистон (15,1%) молу маҳсулот ворид карда шудааст.

Ба сурати умум, ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ зиёда аз 2,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 3,9% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Дар ин давра Тоҷикистон бо 104 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...