Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон 288 млн доллар кам шуд

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 560 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки 34% ё худ 288 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Коҳиши ҳаҷми содироти кишвар дар навбати аввал ба кам шудани фурӯши фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳову […]

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 560 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки 34% ё худ 288 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Коҳиши ҳаҷми содироти кишвар дар навбати аввал ба кам шудани фурӯши фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо (коҳиш – 97%), нахи пахта (55%), молу маснуоти нассоҷӣ (44%) вобаста аст.

Ғайр аз ин, ҳаҷми содироти сабзавоту мева, инчунин маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентратҳо, неруи барқ, ангишт) низ кам шудааст.

Шарикони асосии Тоҷикистон аз рӯи содирот дар ин давра Қазоқистон – 23,6% (аз ҳаҷми умумии содироти мол), Чин – 22%, Туркия – 13,1% ва Русия – 12,9% мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, воридоти молу маҳслуот баръакс, ба андозаи 21% – аз 1,9 млрд доллар дар моҳҳои январ-майи соли 2022 то ба 2,3 млрд доллар афзудааст.

Воридот асосан аз маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва ғайра) – 17%, мошин ва таҷҳизот – 14%, фулузоти арзон ва маснуот аз он – 10% иборат аст.

Ба ҷумҳурӣ асосан аз Русия (27,8% аз ҳаҷми умумӣ), Чин (20,4%) ва Қазоқистон (15,1%) молу маҳсулот ворид карда шудааст.

Ба сурати умум, ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ зиёда аз 2,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 3,9% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Дар ин давра Тоҷикистон бо 104 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.