Дар Бӯстон – корхонаи истеҳсоли қубур, Хуҷанд – МС “Хонаи ман” ва маркази ташхисӣ боз шуд

Asia-Plus

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 6 июл дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении ҶДММ “Мироб” ҳусни оғоз бахшид.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, корхона бо 15 ҷойи доимии корӣ минтақаи саноатӣ аз ҷониби оилаи Шарифовҳо бунёд гардидааст.

Дар корхона истеҳсоли 16 намуд қубури полиэтилении қутрашон аз 15 то 315 миллиметра ба роҳ монда шудааст. Дарозии қубурҳо вобаста ба қутрашон аз 6 то 100 метр истеҳсол мегардад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 400 то 500 метр ва дар як сол аз 50 то 60 ҳазор метр қубурҳои полиэтилении босифат мебошад. Ашёи хом асосан аз и Русия, Эрон ва Ӯзбекистон ворид мегардад.

Сипас бо иштироки президент дар шафати варзишгоҳи 20 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман” ба истифода дода шуд.

Иншооти хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст. Дар ошёнаи якум фаъолияти аввалин намояндагии ҶДММ“Ёвар” дар вилояти Суғд, дорухона ва нуқтаи фурӯши таҷҳизоти электронӣ кор мекунанд.

Дар ошёнаи дуюм мағозаи фирмавии Юск (Jysk) ба фаъолият оғоз кард, ки дар он фурӯши мебал ва таҷҳизот барои хона ба роҳ монда шудааст. Дар ошёнаи сеюми иншоот фаъолияти маркази фароғатӣ барои кӯдакон ба роҳ монда шудааст.

Дар идома бо ҳузури сарвари давлат маросими ифтитоҳи Корхонаи коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии ҶДММ “Папирус” доир гардид.

Корхонаи истеҳсолӣ  асосан ба коркарди коғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.

Иқтидори шабонарӯзии корхона 150-200 ҳазор дафтарҳои гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 4,5 миллион дона баробар мешавад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад. Тақрибан 98 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот пешбинӣ шудааст.

Дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии ҶДММ “Сохтмони Кабир” иштирок кард.

Коргоҳ ба фтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар доираи “Солҳои рушди саноат” – 2022-2026  аз тарафи соҳибкори ватанӣ Комил Турдибоев бунёд шудааст.

Дар коргоҳи навбунёд номгӯи зиёди конструксияҳои металлӣ, аз ҷумла гунбазҳо барои бинои иншооти гуногун, маҷмааҳои  варзишӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, намоишгоҳҳо, пулҳо, роҳҳои пиёдагарди рӯизаминӣ ва амсоли ин бо шаклу анзодаҳои зарурӣ бо сатҳу сифати баланд коркард ва истеҳсол мегардад.

Баъд аз ин дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои навбунёди Маркази ташхисӣ – табобатии “Садаф” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наимҷон Тураев сохта шудааст.

Маркази ташхисию табобатӣ дорои 12 ҳуҷра ва 34 кат барои беморон мебошад.  Дар Марказ маҷмӯи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй, гузоштани имплантант ва дармонгоҳи дил ба роҳ монда шудааст.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...