“Бо чашмони пур аз об”. Эҳсосоти ҳоҷиён пас аз бозгашт ба Ватан

Субҳи имрӯз нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик дар ҳайати 165 нафар аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳо беш аз 20 рӯз дар шаҳри Макка ва 3 рӯзи охир дар шаҳри Мадина маносики ҳаҷро адо карданд. Ҳоҷиёни тоҷикро намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ки дар кишвар Арабистони Саудӣ ҳамраҳӣ мекарданд, шаби гузашта […]

Субҳи имрӯз нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик дар ҳайати 165 нафар аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳо беш аз 20 рӯз дар шаҳри Макка ва 3 рӯзи охир дар шаҳри Мадина маносики ҳаҷро адо карданд.

Ҳоҷиёни тоҷикро намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ки дар кишвар Арабистони Саудӣ ҳамраҳӣ мекарданд, шаби гузашта аз шаҳри Мадина гусел карданд ва намояндагони дигар дар шаҳри Душанбе истиқбол гирифтанд.

“Азия-Плюс” ба истиқболи зоирини хонаи Худо рафт ва тассуроташонро аз ин сафар пурсон шуд.

Имсол беш аз 4 ҳазору 500 нафар тоҷикистониён барои адо кардани маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Ҳама ҳоҷиёни тоҷик то рӯзи 18-уми июл бармегарданд.

Дар ин инфографикаи мо метавон дид, ки тайи 5 соли ахир чӣ теъдод шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафтаанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол беш аз 2 миллиону 600 ҳазор мусулмон аз саросари ҷаҳон барои иҷрои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Ин теъдод, пас аз пандемияи каронавирус, нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.