Ҳаҷ – 2023. Имсол беш аз 2,6 млн мусулмон ба Макка мераванд

Имсол беш аз 2 миллиону 600 ҳазор мусулмон аз саросари ҷаҳон барои иҷрои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Ин пас аз пандемияи каранавирус нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора хабаргузории “Ал-Арабия” бо такя ба Кумитаи ҳаҷ ва зиёрати Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, барои кумак ба миллионҳо мусулмон 14 […]

Asia-Plus

Имсол беш аз 2 миллиону 600 ҳазор мусулмон аз саросари ҷаҳон барои иҷрои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Ин пас аз пандемияи каранавирус нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора хабаргузории “Ал-Арабия” бо такя ба Кумитаи ҳаҷ ва зиёрати Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, барои кумак ба миллионҳо мусулмон 14 ҳазор корманди кумита ва беш аз 8 ҳазор ризокори ихтиёрӣ сафарбар шудаанд.

“Мақомоти марбута ҳамчунин дар маконҳои муқаддаси Макка ва Мадина беш аз 170 бемористон ва маркази саломатиро барои хидмат ба зоирон омода кардаанд”, – менависад хабаргузорӣ.

Бояд гуфт, ки дар 20-солаи охир теъдоди рекордии зоирони ҳаҷҷи фарзӣ дар соли 2012 ба қайд гирифта шудааст ва он беш аз 3 миллиону 160 ҳазор нафарро ташкил мекунад.

Аммо соли 2020 бар асари бемории фарогири коронавирус барои адо кардани ин рукни дини ислом сафари ҳамаи зоирон аз саросари ҷаҳон ба Арабистони Саудӣ манъ карда шуд ва дар ин сол бо маҳдудияти зиёд дар Макка ва Мадина маросими ҳаҷҷи фарзӣ баргузор гашт.

Дар дусолаи баъдӣ бар асари боқӣ мондани бемории коронавирус дар маросими ҳаҷ баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуда буд. Имсол ҳама маҳдудиятҳои гузошташуда барҳам дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол 7 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои гузаронидани маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Сафари зоирони тоҷик рӯзи 10-уми июн оғоз шуда, то ба ҳол идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.