Тоҷикистон кишвари аз ҳама бештар меҳмоннавоз барои муҳоҷирони Русия номбар шуд

Ҷомеашиносон Тоҷикистонро мемҳоннавозтарини кишвари ИДМ барои муҳоҷирон аз Русия номидаанд. Ба гуфтаи мутахассисони Маркази тарҳрезии иҷтимоии “Платформа” ва ширкати пажӯҳишии “ОнИн”, дар миёни нӯҳ кишваре, ки дар он назарсанҷӣ анҷом шудааст, беш аз 66% дар Тоҷикистон кумак барои мутобиқсозии фарҳангӣ, омӯзиши забон ва интихоби кори қонунӣ ба шахсони аз Русия кӯчбастаро зарур мешуморанд, хабар медиҳад […]

Ҷомеашиносон Тоҷикистонро мемҳоннавозтарини кишвари ИДМ барои муҳоҷирон аз Русия номидаанд. Ба гуфтаи мутахассисони Маркази тарҳрезии иҷтимоии “Платформа” ва ширкати пажӯҳишии “ОнИн”, дар миёни нӯҳ кишваре, ки дар он назарсанҷӣ анҷом шудааст, беш аз 66% дар Тоҷикистон кумак барои мутобиқсозии фарҳангӣ, омӯзиши забон ва интихоби кори қонунӣ ба шахсони аз Русия кӯчбастаро зарур мешуморанд, хабар медиҳад РБК.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон аз ҳама бештар – 55% аз муҳоҷирати мутахассисони баландихтисос аз Русия ба кишвар истиқбол мекунанд, ки ба афзоиши талабот ба хидматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои мардуми маҳаллӣ шароит фароҳам меорад.

Дар таҳқиқот 1350 нафар пурсидашудагон (тақрибан 150 нафар дар ҳар кадоме аз нуҳ кишвар)-и синнашон аз 18-сола боло иштирок кардаанд.

Хулосаи дигари назарсанҷӣ ин аст, ки сокинони кишварҳои ҳамсоя нисбат ба онҳое, ки дар мавҷи охирини муҳоҷират аз Русия омадаан, ба сурати умум оромона муносибат мекунанд, омодаанд, ки ба онҳо кумак кунанд, вале интизоранд, ки онҳо ба муддати дарозмуҳлат наомадаанд.

Масалан, дар Қазоқистон ва Беларус беш аз 50% пурсидашудагон мутмаинанд, ки кӯчбастагон ба ҳаёти онҳо таъсири чашмрас намерасонанд.

Аммо касоне ҳам ҳастанд, ки ба зиён овардани меҳмонон бовар доранд – ин ақидаро 21% пурсидашудагон дар Гурҷистон ҷонибдорӣ мекунанд, ки аз рӯи теъдоди одамони тарафдори чунин мавқеъ пешсафанд. Иштирокчиёни пурсиш шикоят кардаанд, ки вуруди сокинони нав ба болоравии қимати зиндагӣ, ба вуҷуд омадани низоъҳо дар пасманзари тафаккур ё арзишҳои гуногун боис мегардад.

Бо вуҷуди ин, дар ҳамон Гурҷистон беш аз 40% бовар доранд, ки русҳои омада метавонанд муфид бошанд. Ва дар Арманистони ҳамсоя 73% ба ин ақида шариканд. Ба ҷуз Тоҷикистон, аз пайдо шудани мутахассисони баландихтисос, афзоиши талабот ба хидматрасонӣ ва имкони дарёфти даромад барои сокинони маҳаллӣ, сокинони Қирғизистон (42%) низ истиқбол мекунанд.

Дар Ӯзбекистон пурсидашудагон изҳор доштанд, ки аз омадани мутахассисон хушҳол ҳастанд (46%), аммо танҳо 23% бар ин боваранд, ки ин ба самаранокии технологии кишварашон таъсир мерасонад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Осиёи Марказӣ мутмаинанд (48–63%), ки муҳоҷирон ба муҳлати зиёд наистода, ба кишварҳои дигар мераванд ва ё бозпас бармегарданд. Вазъият дар кишварҳои Қафқоз баръакс аст – дар Арманистон 63% пурсидашудагон бовар доранд, ки русҳо дар кишвари онҳо ба муддати зиёд маскан мегиранд. Дар Гурҷистон 57% ба ин ақида шариканд. Ва дар Озарбойҷон 9% изҳори итминон кардаанд, ки онҳое, ки аз Русия омадаанд, якумрӣ дар ин ҷо боқӣ хоҳанд монд.

Ширкати консалтингии бритониёии Oxford Economics ҳисоб кардааст, ки дар маҷмӯъ русҳо танҳо дар моҳи сентябр (вақте ки қисман сафарбарӣ эълон шуда буд) эҳтимол ба Арманистон, Гурҷистон ва Қазоқистон ҳудуди 3 млрд доллар пули нақд овардаанд. Дар Қазоқистон ҳаҷми маблағҳо дар пасандозҳои бонкии шаҳрвандони Русия дар соли 2022 беш аз чор маротиба афзуда, 1,4 млрд долларро ташкил додааст.

Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Форуми байнулмилалии иқтисодии Петербург (ПМЭФ) хуруҷи шаҳрвандон ба кишварҳои дигарро "бештар мусбат" номид. "Ин раванд як ҷузъи иртиботи иловагии Русия бо он кишварҳое хоҳад буд, ки мо бо онҳо бе ин ҳам аллакай равобити иқтисодӣ ва башардӯстонаро густариш дода истодаем”, – гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.