“Ба талбандагӣ хӯ мегиранд”. Раиси Шӯрои уламо аз “идгардак” ва савдогарони беинсоф интиқод кард

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз худсарона боло бурдани нархи маҳсулот аз сӯи савдогарон дар арафаи Иди Қурбон ва “идгардак”-и кӯдакону калонсолон дар рӯзи ид интиқод карда, гуфтааст, “оростани дастархони идона ва идгардак як анъанаи мардумӣ аст, на исломӣ”. Ӯ дар як мақолаи худ, ки имрӯз, дар АМИТ “Ховар” нашр шуд, афзудааст, […]

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз худсарона боло бурдани нархи маҳсулот аз сӯи савдогарон дар арафаи Иди Қурбон ва “идгардак”-и кӯдакону калонсолон дар рӯзи ид интиқод карда, гуфтааст, “оростани дастархони идона ва идгардак як анъанаи мардумӣ аст, на исломӣ”.

Ӯ дар як мақолаи худ, ки имрӯз, дар АМИТ “Ховар” нашр шуд, афзудааст, ки дар ид бояд “дастархони маънавӣ” орост ва ба исрофкорӣ, ки дар Ислом кори бад аст, роҳ набояд дод.

“Бояд танҳо “дастархони маънавӣ” оро диҳем, яъне барои аҳли оилаи худ, дӯстону наздикон анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳат ба наврасону ҷавонон, кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва фаровон доштани дигар корҳои хайр”, – гуфтааст Раиси Шӯрои уламои кишвар.

Дар идома ӯ аз “мусобиқаи дастархонороӣ” сахт интиқод карда, гуфтааст, ки маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки “тоҷирони беинсоф низ бо истифода аз ин фурсат нархи маҳсулотро дучанд мебардоранд”.

“Агар мо барои дастархонороии идона иқдом нагирем ва дастархони маънавӣ ташкил намоем, зарурати ба бозор рафтану бо нархҳои гарон маҳсулот харидан намемонад. Ҳол он, ки дар чунин вазъи ҳаво ҳамгуна маҳсулот зуд вайрон мешавад ва дар баробари исрофи беҳуда, ҳамчунин хавфи хатар ба саломатии мо ба вуҷуд меояд”, – зикр мекунад Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Ба таъкиди вай, ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулот аз нигоҳи дини Ислом ҳаром буда, он дар пай мусибатҳои зиёд дорад.

“Савдогар фикр мекунад, ки ман даромад ба даст овардаам, фоида дидаам. Аммо он чанд тангае, ки бо роҳи зулм ба даст овардаст, охируламр сад ғаму андӯҳро ба сари худи соҳибкор ва аҳли хонадони ӯ низ меорад. Зеро ӯ мардумро зулм кард, ба мардум мушкилӣ ва сахтӣ овард”, – афзудааст раиси Шӯрои уламо.

Номбурда дар идома аз идгардаки кӯдакон интиқод карда, зиёнҳои онро номбар кардааст.

“Аввал ин ки мо дар рӯзҳои саратони тобистон қарор дорем ва ҳавои гарму сӯзон ба саломатии онҳо хатар дорад. Дигар ин ки хурдсолон беназорат монда, сабаби сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш шуда метавонад. Хуб мешуд, ки волидайн кӯдакони худро дар доираи хонаводаи худ хушҳол кунанд, нагузоранд, ки ба ҳар даре ва ҳар ҷое бираванду беназорат монанд”, – ёдовар кардааст ӯ.

Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфтааст, маҳз идгардак сабаб миешавад, ки кӯдакон аз хурдӣ ба талбандигӣ одат мекунад ва бояд аз баҳри ин одатҳо гузашт.

Раиси Шӯрои уламо аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ба кӯдакони худ моҳияти аслии динро фаҳмонанд ва хона ба хона гашта, ба исрофкорӣ дар оростани дастурхон роҳ надиҳанд.

Иди Қурбон яке аз идҳои мусулмонон аст, ки имсол 28-уми июн таҷлил карда мешавад.

Дар рӯзи ид мусулмонон намози Иди Қурбон мехонанд ва ба хонаи якдигар барои аёдат, дуову фотиҳа ва муборакбодӣ мераванд. Дар ин миён кӯдакон ҳам ба табрики ид ба хонаҳои ёру наздикон мераванд, ки онро “идгардак” мегӯянд.

Мақомот чанд сол боз “идгардак”-и кӯдакон ва дастархонороии аҳолиро дар рӯзи ид интиқод мекунанд ва даъво пеш меоранд, ки он исрофкорӣ буда, бисёриҳо аз дигарон қафо намонем гуфта, бо қарз дастархон мекунанд.

Ҳамин тариқ, ҳамасола дар арафаи иди Қурбон нархи маҳсулот низ дар бозорҳо гарон мешавад. Ҳарчанд мақомот бо ташкили ярмаркаҳо ба он мубориза мебаранд, вале маълум мешавад, ки самара намедиҳад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.