“Дару тирезаҳоро пӯшед ва бештар об нӯшед”. Ҳушдори КҲФ аз “тундбоди афғонӣ”

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар қаламрави Тоҷикистон ҳафтаи равон бар асари шиддат гирифтани шамол аз самти ҷанубу шарқ (бо суръати 13-18 м/с) гарду чангу хокбориш дар назар дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14 – 15-уми июл дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳи шимоли вилояти Суғд олудагии ҳаво ва гарду чанг пешбинӣ мешавад.

Дар байни мардум он чун “тӯфони афғонӣ” маъруф аст.

Дар ҳамин иртибот, Кумита барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид чунин тавсия медиҳад:

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2 – 2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед, ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин, шумо метавонед, тирезаҳои худро бо дока ва ё тӯр бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 занг занед ё бо қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 тамос гиред.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73; 225-44-76; 225-44-90.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05; 2-78-28.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:

(83322) 2-36-60;  2-34-73.

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57; 2-53-47.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72; 5-15-55.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...