Шавкат Мирзиёев пас аз интихоби дигарбора ба курсии президентӣ, раиси 2 шаҳр ва ҳокими 10 ноҳияро аз кор озод кард

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури тозаинтихоби Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи худ аз фаъолияти 2 раиси шаҳр ва 10 ҳокими ноҳия интиқод карда, фармони барканории онҳоро содир кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар телеграм-канали худ иттилоъ дода, менависад, ки ҷаласаи мазкур вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар доир гардид ва дар он Шавкат […]

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури тозаинтихоби Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи худ аз фаъолияти 2 раиси шаҳр ва 10 ҳокими ноҳия интиқод карда, фармони барканории онҳоро содир кард.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар телеграм-канали худ иттилоъ дода, менависад, ки ҷаласаи мазкур вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар доир гардид ва дар он Шавкат Мирзиёев аз фаъолияти 2 раиси шаҳр ва 10 ҳокими вилоят барои фароҳам наовардани шароити мусоит ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ интиқод кардааст.

Аз ҷумла, роҳбарони ноҳияҳои Амударё, Қӯрғонтепа, Бухоро, Миришкор, Чироқчӣ, Хатирчӣ, Пайариқ, Оқолтин, Гулистон, Оққӯрғон ва шаҳрҳои Навоӣ ва Янгийӯл барои нишондиҳандаҳои паст аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

“Ба Додситонии кулл ва Палатаи ҳисоб дастур дода шуд, ки фаъолияти ҳокимони мазкур санҷида шуда, утувории қонун таъмин карда шавад”, – менависад манбаъ.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, имсол ҳадаф гузошта шуда буд, ки 20 миллиард доллар сармояи хориҷӣ азхуд карда мешавад.

Дар ин самт, баъзе аз шаҳру ноҳияҳо муваффақиятҳоеро соҳиб шудаанд ва тавонистаанд, миллионҳо доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда, барои 50 ҳазор нафар ҷойи кор офаранд.

Ба эҳтимоли ғолиб, ин натиҷа роҳбари тозатаъини Ӯзбекистонро қонеъ накардааст, аз ин лиҳоз ӯ даҳҳо роҳбарро аз вазифа озод карда, дастури санҷиши фаъолияти онҳоро додааст.

Бояд гуфт, Шавкат Мирзиёев ду рӯз қабл, 9-уми июл, дар интихоботи президентии Ӯзбекистон ғолиб эълон шуд ва барои 7 соли дигар президенти Ӯзбекистон интихоб гардид. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.