“Касе Қуръонро оташ мезанад, ҷазо диҳед”. СММ оташзании китобҳои муқаддасро маҳкум кард

Asia-Plus

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномае сӯзонидани китобҳои муқаддасро маҳкум кард. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Дар матни қатъномаи қабулгардида таъкид мешавад, ки Шӯро “амалҳои ахири оммавӣ ва қасдан таҳқир кардани Қуръони Каримро маҳкум мекунад ва аз давлатҳое, ки дар онҳо кирдори мазкур рух додааст, даъват мекунад, ки гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ кашанд”.

Қатъномаи мазкур дар пасманзари оташзании Қуръон дар Шветсия, ки боиси эътирози густурдаи ҷомеаи мусулмонӣ гардид, қабул шуд.

Дар ҷараёни раъйдиҳӣ намояндагони 28 кишвари аъзои Шӯро аз қатъномаи мазкур ҷонибдорӣ, намояндагони 12 кишвар – мухолифат ва 7 кишвар – аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.

Ин ниҳоди СММ аз кишварҳо даъват кардааст, ки қонунҳову сиёсатҳои миллии худро бозбинӣ кунанд, то монеаҳо ҷиҳати таъқиботи судӣ барои даъват ба бадбинии мазҳабӣ ё “табъиз, хусумат ва хушунат” бартараф гарданд.

“Шӯро аз Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва тамоми расмиёти махсуси дахлдори Шӯрои ҳуқуқи башар дар доираи ваколатҳои худ даъват мекунад, ки барангехтани кинаю адовати динӣ, аз ҷумла амалҳои таҳқири китобҳои муқаддасро маҳкум кунанд”, – зикр мешавад дар матни қатънома.

Бояд гуфт, ки охири моҳи июн, дар арафаи Иди Қурбон яке аз паноҳҷӯёни ироқии муқими Шветсия китоби барои мусулмонон муқаддаси Қуръонро оташ зад. Мақомоти Шветсия ба ӯ иҷоза доданд, то эътирози худро баён кунад.

Ин амал дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вокунишҳои густардаеро ба бор овард. Ироқ аз мақомоти Шветсия тақозо кард, ки муҳоҷири Қуръонро оташзада ба ин кишвар истирдод карда шавад.

Ҳазорон нафар эътиқодмандон ва шахсони расмӣ дар давлатҳои Алҷазоир, Афғонистон, Миср, Индонезия, Лубнон, Сурия, Туркия, Ӯзбекистон, дабири кулли Лигаи кишварҳои араб, дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс ин амалро маҳкум карданд.

Вазоратҳои корҳои хориҷии Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Араб сафирони Шветсияро даъват карданд, то ба онҳо эътирози худро расонанд.

Ин аввалин ҳодисаи оташ задани Қуръон дар кишварҳои аврупоӣ нест. Қаблан низ тундгароён дар кишварҳои гуногуни Аврупоӣ қитоби муқаддаси мусулмононро оташ зада буданд. Он замон низ ин рафтори тундгароёнаи ғарбиҳо эътирози густурдаи мусулмонони кишварҳои гуногуни ҷаҳонро ба миён оварда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...