Шералӣ Кабир ҳамватанони муқими Русияро ба сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ даъват кард

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон дар Екатеринбург зимни ширкат дар намоишгоҳи “Иннопром-2023” аз манотиқи Русия, соҳибкорони хориҷӣ ва тоҷик ва фаъолони диаспораи тоҷикон даъват кардааст, ки ба иқтисоди Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ кунанд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар иҷлосияи намоишгоҳ аз нияти ҳукумат барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои бузург хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар зарфи панҷ сол ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар Тоҷикистон бояд ду баробар зиёд шавад. Азхудкунии конҳо ва бахши обу энергетикаро ӯ аз ҷумлаи тарҳҳои ҷолиби сармоягузорӣ номбар кард.

Зикр шуд, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли энергияи “сабз” асоси рушди иқтисоди миллӣ хоҳад шуд, ки минбаъд “самараи бузург хоҳад дод”.

"Мо омодаем, ки барои сармоягузори хориҷӣ дар Тоҷикистон шароити беҳтаринро фароҳам орем, то худро роҳат ва зери ҳимоят эҳсос кунад", – хулоса кардааст Шералӣ Кабир.

Ба иттилои як манбаи мо дар Екатеринбург, Шералӣ Кабир ва губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев нақшаи чорабиниҳои оид ба рушди ҳамкориҳо байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ҳукумати ин минтақаро имзо карданд.

«Вилояти мо саъй дорад, ки ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш диҳад», – гуфтааст губернатор.

Дар вохӯрии вазири саноати Тоҷикистон бо Рустам Миннихонов, президенти Тотористон, масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои кимиёву нафт ва доруворӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари ин ҷумҳурӣ.

Ҳамчунин, зимни мулоқот бо соҳибкорони тоҷик ва фаъолони диаспораи тоҷикони вилояти Урал Шералӣ Кабир ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ маълумот доданд.

Онҳо иброз доштанд, ки имрӯз дар кишвар фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо корхонаи саноатӣ ба истифода дода шудааст.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла МОИ «Суғд» соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имтиёзҳо фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Зимнан зикр шуд, ки дар вилояти Суғд барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли нӯшокиҳо, либосу пойафзол, доруворӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва дигар маҳсулот имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Зимни мулоқот соҳибкорон пешниҳод карданд, ки фермаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода шаванд.

Ғайр аз ин, бо намояндагони Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Липетск, Новосибирск, Краснодар ва вилояти Маскав гуфтушунидҳо доир гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки дар Намоишгоҳи 13-уми байнулмилалии саноатии “Иннопром-2023” дар Екатеринбург гӯшаи махсуси Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он маҳсулоти беш аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...