Захарова маълумоти ВКД-и Молдоваро дар бораи Рустам Ашӯров дурӯғ унвон кард

Asia-Plus

Намояндаи расмии ВКХ-и Русия Мария Захарова изҳороти ВКД-и Молдоваро дар бораи он ки Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар навъҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави ИДМ оид ба Рустам Ашӯров, тоҷикистонии дар фурудгоҳи Кишинёв тирпароникарда, маълумот вуҷуд надошт, дурӯғ унвон кард.

Дар ин бора newsmaker.md хабар медиҳад. Ин бо истинод ба суханони Захарова менависад:

“Бархилофи Молдова мо бо Бюрои мазкур мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳамкорӣ мекунем. Дар робита ба ин, ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки на пеш аз ҳодиса дар фурудгоҳи Кишинёв, на дар ҷараёни он ва на пас аз он мақомоти салоҳиятдори Молдова ба пойгоҳи маълумоти Бюро дар бораи ин ҷинояткор муроҷиат накардаанд. Бинобар ин маълум нест, ки онҳо чӣ тавр гуфта метавонанд, ки вай дар пойгоҳи Бюро ҳаст ё не. Ба ин тариқ, шарҳи ВКД-и Молдова дар ин бора “дурӯғи маҳз” аст”, – навиштааст Захарова дар шабакаи телеграм.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Молдова "набояд барои тасмимҳои бемасъулиятона баҳона кобанд, балки бояд ба ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла тавассути механизмҳои бисёрҷонибаи дар ИДМ амалкунанда ва самаранокиашон собитшуда таваҷҷӯҳ кунанд".

Ёдрас мекунем, ки қаблан Мария Захарова изҳор дошта буд, ки тирпаронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв натиҷаи қатъи иштироки Молдова дар кори Бюро аст.

Пас аз ин дар ВКД-и Молдова изҳор намуданд, ки Бюро дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёв тирпаронӣ кард, маълумот надорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30-юми июн Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки иҷозаи вуруд ба Молдоваро дарёфт накард, дар фурудгоҳи Кишинёв тирпаронӣ кард ва ду корманди мақомоти амниятии фурудгоҳро ба ҳалокат расонид. Ҳангоми боздошт ӯ захмӣ шуд ва баъди чанд рӯз дар беморхона даргузашт.

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои рӯшан кардани ҷузъиёти ҳодиса ба Молдова сафар карданд. Қаблан, баъди чанд лаҳзаи тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки Рустам Ашӯров соли 2013 дар ватани худ барои содир кардани ҷиноят аз кор дар сафи мақомот озод гардида, барои муддате зиндонӣ шудааст. Ӯ пеш аз муҳлат ба озодӣ баромада, рӯзи 23-уми июн дар рабудани бонкир дар Душанбе иштирок кардааст.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ рӯзи 1 июл хабар дод, ки Рустам Ашӯров дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев гумонбар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...