Алтернативаи ИМА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муносибат бо Маскав ва Пекин

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рафъи оқибатҳои таҳримҳои зидди Русия ҳамкорӣ мекунад ва омода аст, ки ба онҳо дар муносибаташон бо Маскав ва Пекин алтернатива (ҷойгузин) пешниҳод кунад.

Ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элизабет Хорст дар музокироти кумитаи умури хориҷии Палатаи намояндагони Конгресс баён дошт, менависад ТАСС.

"Онҳо аз мо дар масъалаи таҳримҳо дастгирӣ ва дар дарёфти роҳи муқовимат ба фишор (Русия ва Чин) кӯмак мепурсанд, дархост мекунанд, ки алтернатива пешниҳод кунем. Мо бо онҳо дар масъалаи таҳримҳо, бахусус бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон хеле фаъолона ҳамкорӣ дорем то ки то иқтисодҳои онҳо осеби ҷиддӣ набинанд", – изҳор доштааст назари худро дипломат.

Ӯ илова намудааст, ки ИМА ҳоло имкон пайдо кардаанд, ки робитаҳояшонро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунанд.

Ба гуфтаи Хорст, паёме, ки Вашингтон ба ин кишварҳо ирсол мекунад, барои муносибатҳо ҳам бо Русия ва ҳам бо Чин “алтернатива” дорад.

Дипломат ҳамчунин зикр кардааст, ки ИМА ва Қазоқистон “аз дер боз дар бахши энергетика муносибатҳо доранд” ва дар ин робита, Вашингтон рӯйи коҳиши вобастагии Остона аз Маскав дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...