Зани тоҷикистоние, ки ошпази ба ӯ дарафтодаро дар Русия кушт, ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Митишии Русия шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро ба 6,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Сайёра Дусаеваи 36-сола ба куштори шаҳрванди Гурҷистон гунаҳкор дониста шуд, менависад Радиои Озодӣ. Ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 4 январи соли равон дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав рх дод. Сайёра аз ҷониби ошпази тарабхона мавриди хушунат […]

Додгоҳи шаҳри Митишии Русия шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро ба 6,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Сайёра Дусаеваи 36-сола ба куштори шаҳрванди Гурҷистон гунаҳкор дониста шуд, менависад Радиои Озодӣ.

Ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 4 январи соли равон дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав рх дод. Сайёра аз ҷониби ошпази тарабхона мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор гирифта, барои ҳимояи худ бо корд ба ҷисми марди ҳамлавар зарба зад. Марди ҳамлавар баъдан ба ҳалокат расид.

Дар наворе, ки расонаҳои русӣ паҳн намуданд, саҳнаи муноқиша нишон дода мешавад. Ба мушоҳида мерасад, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво мебинад ва шаъну шарафи ӯро паст мезанад. Сайёра Дусаева маҷбур мешавад барои ҳимояи худ бо истифода аз корд худро аз марди ҳавлавар ҳимоя кунад.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, парвандаи Сайёра Дусаева моҳи январи имсол пурсарусадо шуд. Ҳамкоронаш гуфтанд, ба сабаби дастдарозии марди ошпаз Сайёра ӯро бо зарби корд куштааст. Ҳамкорони Сайёра ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, "ҷанҷол пас аз шӯхӣ ва дастдарозии мард ба зан оғоз ёфтааст".

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13 июл изҳор доштаанд, ки адвокати Сайёра Дусаева ният дорад, ки аз болои ҳукм ба зинаи болоии таҷдиди назар шикоят барад.

Дар ин робита Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли дархост аз Додситонии кулли Русия дархост намуда буд, ки қазияи Сайёра Дусаеваро холисона тафтиш намояд.

Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилии Русия низ мактуб ирсол намуда, хоҳиш намуда буд, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани қазияи Сайёра Дусаева ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат кунад.

Абубакр Дусаеви 8-сола бинобар бесарпаноҳ мондан бо мусоидати Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 24-уми январ ба Тоҷикистон оварда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.