Суғд: Қариб 19 ҳазор нафар дар суроғи кор

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Дар панҷ моҳи соли 2023 ба Раёсати Агентии шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 18 ҳазору 995 нафар корҷӯй муроҷиат намудаанд ва 8 ҳазору 457 нафари онҳо соҳиби кор гардидаанд.

Сардори Раёсати агентӣ Шермуҳаммад Нодирӣ гуфт, ин теъдод муроҷиат давоми панҷ моҳи соли 2023 ба шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид шудааст.

“Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2023 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 19 ҳазору 786 нафар шаҳрванди корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шудааст. Давоми 5 моҳи соли равон 8 ҳазору 457 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд”, – афзуд Нодирӣ.

Дилафрӯз бо кӯмаки шуғли аҳолӣ кор ёфт

Дилафрӯз Хоҷаева, яке аз нафаронест, ки дар ярмаркаи ҷойҳои холии кории аз ҷониби шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд доиршуда ҷойи корӣ ёфтааст.

“Чанд муддат буд, ки кор надоштам. Ба ярмаркаи ҷойи кори холӣ омадам. Маро аз рӯи ихтисос ба беморхонаи №-1-и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси сардори идораи кормандон тавсия доданд”, – мегӯяд Дилафрӯз.

Ӯ мегӯяд, эътимоди зиёд ба ярмаркаҳо надошт, аммо ҳоло хушҳол аст, ки кор пайдо кард, чун барояш аз рӯи ихтисос кор кардан муҳим аст.

Квота барои киҳо пешбинӣ шудааст?

Ба гуфтаи сардори Раёсати агентӣ ҳамасола бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандшуда, яъне квота муқаррар мегардад.

Соли ҷорӣ 2 ҳазору 153 квота пешбинӣ шудааст. То ҳол, тибқи ин квота дар вилояти Суғд 855 нафар соҳиби кор шудаанд. Аз ҷумла, маъюбон, ятимон шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ рухсат шудаанд, маҳбусони собиқ, волидони яккаву танҳо ё шахсоне, ки дар тарбияашон кӯдакони ноболиғ ва фарзандони маъюб доранд, волидоне, ки беш аз 5 кӯдаки ноболиғ доранд ва ғайра.

Муроҷиати 182 нафар собиқ маҳбусиён барои кор

Давоми панҷ моҳи соли 2023 аз 182 нафар маҳбусони собиқи барои кор муроҷиаткарда, 74 нафар бо ҷои кор тамин шудаанд. Ба 142 нафар бошад, кӯмакпулӣ пардохта гардидааст.

Тибқи талаботи қонун ба се гуруҳи шаҳрвандон то кор пайдо кардан кӯмакпулӣ пардохта мешавад:

  1. Нафарони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда;
  2. Маҳбусони собиқ;
  3. Нафароне, ки дар пайи барҳам хӯрдани корхонаҳо бекор кондаанд.

Аз якуми июли соли ҷорӣ ҳаҷми ин кӯмакпулӣ 600 сомонӣ муқаррар гардидааст ва то се моҳ пардохта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...