Шавкат Мирзиёев имрӯз савганд ёд мекунад ва маротибаи сеюм расман ба курсии президентӣ мешинад

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, ки дар интихоботи президентии 9-уми июли соли 2023 ғолиб дониста шуд, имрӯз, 14-уми июл савганд ёд карда, расман ба курсии президентӣ менишинад. Ин маротибаи сеюм аст, ки ӯ дар интихоботи президентӣ пирӯз эълон мегардад. Дар ин бора сомонаи парлумони Ӯзбекистон иттилоъ додааст. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев […]

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, ки дар интихоботи президентии 9-уми июли соли 2023 ғолиб дониста шуд, имрӯз, 14-уми июл савганд ёд карда, расман ба курсии президентӣ менишинад. Ин маротибаи сеюм аст, ки ӯ дар интихоботи президентӣ пирӯз эълон мегардад. Дар ин бора сомонаи парлумони Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев дар интихоботи ахири пеш аз муҳлати президентӣ бо касби қариб 87 дарсади овоз, ғолиб гардид. Ҳеҷ кадоме аз рақибони ӯ натавонистанд ҳадди ақал 5 дарсад овоз ба даст оранд.

Ҳамакнун, Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи якҷояи Палатаи қонунгузор ва Сенат Олий Маҷлиси савганд ёд карда, маротибаи сеюм расман ба фаъолияти президентӣ оғоз мекунад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Ӯзбекистон 9-уми июли соли 2023 баргузор гардид.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 87 дарсади овозро соҳиб шуд.

Рақибони ӯ ҳамагӣ овози хеле ночизро ба даст оварданд ва ягон нафари онҳо ҳатто марзи 5 дарсадро убур накард.

Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқии демократӣ – 4,2 дарсад;

Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” – 4,43 дарсад;

Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ – 3,74 дарсад овозро соҳиб шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.