Боздошти нашъаҷаллобони зодаи Ӯзбекистону Тоҷикистон дар Томск

Asia-Plus

Роҳбар ва чор узви гурӯҳи этникӣ, ки ба фурӯши маводи нашъаовар дар Ҳавзаи федералии Сибр машғул буданд, боздошт шуданд. Дар мошини онҳо бастаҳо бо 1 кило героин дарёфт шудааст, иттилоъ додаанд ба хабаргузории ТАСС аз хадамоти матбуоти РВКД-и минтақа.

“Аз ҷониби кормандони Раёсати назорати маводи нашъаовари РВКД Русия дар вилояти Томск фаъолияти гурӯҳи муташаккили этникии машғул ба фурӯши маводи нашъаовар дар қаламрави Ҳавзаи федералии Сибир қатъ шуд… Дар роҳи даромад ба маркази вилоят (Томск) роҳбари гурӯҳ – зодаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 1976 боздошт шуд, ки роҳу воситаҳои интиқоли маводи мухаддирро ба қаламрави вилоят ба роҳ мондааст”, – омадааст дар хабар.

Ҳангоми азназаргузаронии мошини ӯ аз дохилаш бастаҳои маводи полимерии ранги сиёҳ дарёфт шудааст. Ташхис нишон додааст, ки он маводи героин буда, вазнаш беш аз 1 килоро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин боз 4 узви дигари гурӯҳ – 3 шаҳрванди Ӯзбекистон (солҳои таваллудашон 1984, 2003 ва 2004) ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон (соли таваллудаш 1982) боздошт шудаанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, маводи нашъаоварро онҳо ба таври чакана тариқи пинҳонгоҳҳо мефурӯхтаанд.

Кормандони пулис зиёда аз 200 баста бо маводи манъшуда, масолеҳ барои баста, инчунин беш аз 10 бастаи барои дар пинҳонгоҳҳо гузоштанро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Мутобиқи моддаҳои 30 қисми 3 ва 228.1, қисмҳои 4 ва 5 КҶ ФР (суиқасд ба ҷиноят; истеҳсоли ғайриқонунӣ, фурӯш ё интиқоли маводи нашъаовар) 4 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба ҳамаи боздоштшудагон айбнома пешниҳод гардида, ба сифати чораи пешгирӣ дар ҳабс қарор доштан татбиқ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...