Дар Хуҷанд зани ба эҳтимол ҳомиладоре дар Сирдарё ғарқ шудааст

Дар шаҳри Хуҷанд охири ҳафтаи гузашта ҷавонзане худро ба Сирдарё партофта, дар натиҷа ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Акмал Сангинов, корманди Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи 16-уми июл дар пул (мост)-и Дӯстии халқҳои мавзеи Сартӯқай дар шаҳри Хуҷанд рух додаааст. “Ҳодисаи […]

Дар шаҳри Хуҷанд охири ҳафтаи гузашта ҷавонзане худро ба Сирдарё партофта, дар натиҷа ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Акмал Сангинов, корманди Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи 16-уми июл дар пул (мост)-и Дӯстии халқҳои мавзеи Сартӯқай дар шаҳри Хуҷанд рух додаааст.

“Ҳодисаи ғарқшавии занро, ки соати 9:20 дақиқаи пагоҳирӯзӣ содир шудааст, ду марди моҳигир шоҳид шуда, ба кормандони ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳанд. Ситод ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, тахмин 500 метр дуртар ҷасади занро пайдо карданд”, – гуфт Сангинов.

Акмал Сангинов афзуд, ки зан фарбеҳ ва ба эҳтимоли зиёд ҳомиладор аст.

Шахсияти зан ва сабаби худкушии ӯ маълум набуда, синну солаш 30-35 сола гуфта мешавад.

Дар минтақае, ки зан ғарқ шуда, ба ҳалокат расид, оббозӣ кардан манъ аст.

Ёдовар мешавем, ки дар 6 моҳи соли 2023 Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд 18 ҳодисаи ғарқшавиро ба қайд гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.