Се корманди собиқи КДАМ-и Қазоқистон ба сармоягузории терроризм айбдор шудаанд

Раис ва ду муовини собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон (КДАМ) ба сармоягузории терроризм ва ифротгароӣ айбдор мешаванд. Дар ин бора хабаргузории “Centralasian.org” иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Карим Масимов, раиси пешини КДАМ-и Қазоқистон ва ду муовини пешин ва зиндонии ӯ Ануар Содиқулов ва Даулет Ергожино ба рӯйхати афроди марбут ба сармоягузории терроризм ва ифротгароӣ […]

Раис ва ду муовини собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон (КДАМ) ба сармоягузории терроризм ва ифротгароӣ айбдор мешаванд. Дар ин бора хабаргузории “Centralasian.org” иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Карим Масимов, раиси пешини КДАМ-и Қазоқистон ва ду муовини пешин ва зиндонии ӯ Ануар Содиқулов ва Даулет Ергожино ба рӯйхати афроди марбут ба сармоягузории терроризм ва ифротгароӣ шомил карда шудааст.

Собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистон бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “талоши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи шаҳри Остона 19 июн ҳукми ӯро бетағйир гузошт.

Додгоҳ инчунин амр дода, ки ҳамаи дороиҳои Карим Масимов мусодира ва тамоми умр аз ҳаққи дарёфти мақоми давлатӣ маҳрум шавад.

Се муовини Масимов – Ануар Содиқулов 16 сол, Даулет Ергожин 15 сол ва Марат Осипов 3 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Масимовро дар авҷи эътирозҳои мардумӣ ва беназмиҳои мусаллаҳона дар чанд вилояти Қазоқистон ҳабс карданд. Ӯ баландтарин мақомдори ҳукумат буд, ки аз рӯи он ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Масимовро наздиктарин шахси собиқ президент Нурсултон Назарбоев меномиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.