Корхонаи қадимтарини истеҳсоли семент дар Душанбе баста шуд

Фаъолияти минбаъдаи корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири соли 2023 боздошта мешавад. Дар робита ба ин дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти марбутаи мамлакат дастуру супоришҳо дода шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Гуфта мешавад, корхонаи мазкур, ки солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Фаъолияти минбаъдаи корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири соли 2023 боздошта мешавад. Дар робита ба ин дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти марбутаи мамлакат дастуру супоришҳо дода шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Гуфта мешавад, корхонаи мазкур, ки солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба экологияи шаҳр ва сокинони он бевосита таъсир мерасонад.

“Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири он ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар ин корхона самаранок намебошад”, – навиштааст манбаъ.

Дар хабар илова мешавад, ки “баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳо якчанд корхонаи азими истеҳсоли семент, аз қабили “Хуаксин Ғаюр семент”, “Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр – Суғдсемент”, “Тоҷ–Чайна” ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҳаҷми иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мазкур калон буда, онҳо имконияти васеъ доранд, ки пурра талаботи бозори дохилии мамлакатро бо сементи истеҳсоли худӣ таъмин намоянд ва содироти маҳсулотро берун аз мамлакат низ ба роҳ монанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи ин тадбирҳо ба софу беғубор нигоҳ доштани фазои экологии пойтахт равона шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.