Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ рафт

Asia-Plus

Имрӯз, 18-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ба шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, сарвазири Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.

“Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазири молия, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд”, – менависад хадамоти матбуот.

Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ин сафар ду рӯз идома мекунад.

“Ҷаноби олӣ рӯзи 19-уми июл дар Саммити нахустини Сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд ва ҳамон рӯз ба Тоҷикистон бармегарданд”, – афзуда буд сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Абдуфаттоҳ Шарифзода дигар ҷузъиёти ин сафарро ироа накарда ва ба мо нагуфт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин сафар ҳаҷҷи умра мекунад ва ё на.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки “Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳукумат ба шаҳри Макка ҳам сафар карда, маносики ҳаҷҷи умраро адо мекунанд”.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз 4 маротиба маносики ҳаҷҷи умраро адо карда, ду маротиба дохили хонаи Каъба ҳам даромадааст.

Ёдовар мешавем, тавре хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 1997 ба Арабистони Саудӣ маносики ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Баъдан дар солҳои 2001, 2005 ва 2016 ба ҳаҷҷи умра рафтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...