Эмомалӣ Раҳмон муовинони вазирону раисонро нав кард

Имрӯз, 18-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру қарорҳо дар вазифаҳои калидии вазорату идораҳои мухталифи кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба иттилои хадамоти матбуот, имрӯз бо амри раисиҷумҳур Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил ва Ваҳобзода Абдураҳмон ду муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии […]

Имрӯз, 18-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру қарорҳо дар вазифаҳои калидии вазорату идораҳои мухталифи кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои хадамоти матбуот, имрӯз бо амри раисиҷумҳур Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил ва Ваҳобзода Абдураҳмон ду муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъйин карда шуданд.

Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим бошад, бо амри дигари раисиҷумҳур, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод карда шуд.

Бо қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Носирзода Ҷаббор – муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Назарзода Машокир Фозил – муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Ҳамин тавр, Носирзода Ҷаббор – муовини то имрӯз ба ин симмат вазири кишоварзии Тоҷикистон нишаста бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шудааст. Кори нави ӯ ҳоло маълум нест.

Дар ин баробар, бо қарори дигар Бобозода Хисрав Хоркаш бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ – сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон озод карда шудааст.

Ваҳобзода Абдураҳмон ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардидааст.

Ҷойҳои кории нави ин ду нафар ҳам то ба ҳол мушаххас нестанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор судяҳо ҳам аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо шахсони нав таъйин шуданд, ки дар ин хабари мо метавонед бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.