Президент судяҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиро иваз кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 июл дар бораи аз вазифаҳо озод кардан ва таъин шудани кадрҳо дар мақомти судии кишвар мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи ҶТ фармон ба имзо расонид. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, судяҳои зерин аз кор озод ва ба дигар вазифаҳо таъин шуданд: – Раҳмонзода Шариф Файз аз вазифаи раиси суди […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 июл дар бораи аз вазифаҳо озод кардан ва таъин шудани кадрҳо дар мақомти судии кишвар мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи ҶТ фармон ба имзо расонид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, судяҳои зерин аз кор озод ва ба дигар вазифаҳо таъин шуданд:

Раҳмонзода Шариф Файз аз вазифаи раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Маҳмудзода Азаматшо Сафар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.

Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Нурзода Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.

Ҳабибуллозода Хайрулло аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат озод гардида, муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.

Асрорӣ Ифтихор Қурбон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.

Қурбониён Баҳриддин Самариддин аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...