Блогери маъруфи рус “Хасбик” ба Душанбе омад

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Хасбулло Муҳаммадов (Хасбулла Магомедов), блогери доғистонӣ бо лақаби "Хасбик" аз омаданаш ба Душанбе дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.  Аммо ӯ ҳадафи ин сафарро мушаххас накардааст.

“Ассалому алайкум ба ҳама", – як навиштаи кӯтоҳ гузоштааст Хасбулло дар саҳифаи худ.

Блогнавис аллакай дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навор ва акси атрофи Душанберо нашр кардааст.

Дар шарҳҳо корбарони Тоҷикистон, аллакай, блогнависи дӯстдоштаи худро истиқбол мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Хасбулло мебоист дар доираи UFC бо овозхони ҷавони тоҷик Абдурозиқ мубориза мебурд.  Ҳатто санаи мушаххас – 20-уми август муқаррар шуда буд.

Аммо ин бо баъзе сабабҳо рух надод.

Моҳи декабри соли 2021 Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар зидди ин мубориза изҳори назар карда, сабаби вориди мубориза нашудани онҳоро шарҳ дод:

"Як тоҷире, ки номашро намедонам, ба онҳо ё ним миллион ё як миллион дод, то мубориза накунанд.  Ӯ ваъдаи онҳоро гирифт, ки ин мубориза рух нахоҳад дод”, – гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...