Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ҳаҷ кард

Имрӯз, 19-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ рафта, бори панҷум маросими ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 19-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ рафта, бори панҷум маросими ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат кардааст.

“Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд”, – меафзояд манбаъ.

Сипас, сарвари давлат ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, маросими ҳаҷҷи умраро ба ҷо оварданд.

Пас аз тавофи хонаи Каъба, Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хондааст.

“Сарвари давлат бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон – хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд”, – менависад хадамоти матбуоти раисиҷумҳур.

Сипас, раисиҷумҳур дар назди чоҳи замзам аз оби он нӯшида, ба пояи кӯҳи Сафо баромада, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунад.

Дар ин макон бояд 4 бор аз Сафо то Марва ва 3 бори дигар баръакс ҳаракат кунанд. Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад.

“Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт”, – таъкид мекунад манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад. Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода ва 4 маротиба ҳаҷҷи умра кардааст.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан3 маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъба ворид шуда, бо гузоштани 2 ракъат намоз, барои Тоҷикистон ва мардуми он низ дуо намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки ду рӯзи пеш хабари эҳтимолии ба бори панҷум ҳаҷҷи умра кардани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонаӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.