Дар ним сол Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 44 млн доллар барқ фурӯхт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 43,2 млн доллар неруи барқ содир намуд, ки 1,4 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар чаҳорчӯби қарордодҳои имзошуда Тоҷикистон ба Афғонистон (тамоми сол, лекин дар ҳаҷми маҳдуд дар мавсими тирамоҳу зимистон) ва Ӯзбекистон  – танҳо дар мавсими баҳору тобистон (аз моҳи май то август) неруи барқ интиқол медиҳад.

Ин ба он вобаста аст, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқ ҳатто барои таъмини истеъмолгарои дохилӣ намерасад.

Дар фасли тобистон ҷумҳурӣ захираҳои барзиёдатии обу энергетикиро дар ихтиёр дорад, ки қисмате аз он дар неругоҳҳои барқи обӣ холӣ партоб мешавад.

Нимаи моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон дар бораи оғози мавсими воридоти неруи барқ аз Тоҷикистон хабар дод.

«Маълум аст, ки аз соли 2018 инҷониб таҷрибаи содироти неруи барқ дар давраи обёрии тобистона ба Ӯзбекистон амал карда, ин дар навбати худ ба зиёд шудани маҷрои обҳои табиӣ ба обанборҳои кишвари мо мусоидат мекунад, – зикр гардида буд дар хабар.

Тибқи маълумоти Агентии омор, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 10,7 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 3,3% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 аст.

Наздики 95%-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, қисмати боқимонда ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ва ҳаҷми начандон зиёд ба неругоҳҳои офтобӣ рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...