Вазъи солимии кӯдакон аз Исфара дубора бад шуд. Онҳоро боз ба Душанбе оварданд

Кӯдакони бемор аз Исфара, ки қаблан ҳамроҳи волидонашон дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе табобат гирифта буданд, дубора бемориашон хуруҷ карда, ба пойтахт оварда шуданд. Онҳо дар беморхонаи «Шифобахш» бистарӣ шудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аммаи кудакон, Фотима, ки ҳоло ҳамроҳи онҳо дар бемористон аст, хабар дод. Ёдовар мешавем, ки дар хонаводаи Маҳмудовҳо […]

Кӯдакони бемор аз Исфара, ки қаблан ҳамроҳи волидонашон дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе табобат гирифта буданд, дубора бемориашон хуруҷ карда, ба пойтахт оварда шуданд. Онҳо дар беморхонаи «Шифобахш» бистарӣ шудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аммаи кудакон, Фотима, ки ҳоло ҳамроҳи онҳо дар бемористон аст, хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки дар хонаводаи Маҳмудовҳо – Мустафохоҷаи 6-сола, Абдуллохони 10-сола ва волидони онҳо, ки қаблан барои табобат аз Исфара ба Душанбе оварда шуда буданд, ба ории коагулопатияи дуюмдараҷаи токсикӣ (Вторичная токсическая коагулопатия) гирифтор шуда буданд. Пас аз табобат рӯзи 7 июн онҳо аз бемористон рухсатӣ шуданд.

Аммо бо гузашти ҳудуди як моҳ, ба гуфтаи Фотима, саломатии писарбачаҳо бадтар шуд, ҳарчанд табобати кӯдакон ва волидони онҳо  қатъ нашуда буд ва онҳо зери назорати табибон табобатро идома медоданд. Чун ин беморӣ ҳадди аққал ду сол табобатро талаб мекунад.

"Акнун ташхис ва табобат аз имрӯз дубора оғоз мешавад, зеро аз даҳону бинии кӯдакон боз хун меравад ва дар баданашон доғҳои кабуд пайдо мешавад. Волидайни писарбачаҳо дар Исфара ҳастанд. Модарашон ба ҳолати қаблӣ баргаштааст, яъне боз касеро намешиносад ва аҳволи падарашон низ хуб нест", – афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки вазъи хонаводаи Маҳмудовҳо пас аз муроҷиати Фотима ба шабакаҳои иҷтимоӣ бо дархости кумак маълум шуд.

Пас аз ин, бо фармони вазири тандурустии кишвар ду писарбачаро барои табобат ба Душанбе интиқол доданд. Ва рӯзи 19 май волидони кӯдакон низ ба пойтахт оварда шуданд.

Ҳодиса аз он сар шуд, ки моҳи март ҳашт нафар аъзои оила баъди хӯрдани самбусаи алафӣ  бемор шуданд.

“Рӯзи 13-уми март самбуса хӯрда ва то 17-уми март ин беморӣ амалан тамоми аҳли оиларо аз пой афтонд, хоҳари калониамонро (хоҳари падари оила, ӯ 60-сола буд – идора) аз даст додем. Ва 7 нафари дигари аъзои оила, аз ҷумла писарбачаҳо, се моҳ боз беморанд, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бемории онҳоро дақиқ карда натавонистанд”, – гуфта буд қаблан холаи писарбачаҳо.

Ба гуфтаи ӯ, ин кӯдакон аз моҳи март ба ин сӯ беморанд: аз даҳон, бинӣ ва дигар узвҳояшон хун меравад ва дар баданашон доғҳои кабуд пайдо мешавад.

Қаблан директори маркази «Шифобахш» Хизматулло Шамсзода ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки пас аз анҷоми ташхиси ахир дар хуни кӯдакон ва волидон ягон моддаи заҳролуд ошкор нашудааст.

Сабаби дақиқи заҳролудшавӣ муайян карда нашудааст. Ва акнун писарон боз аз ташхис гузашта, табобатро идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.