Иттиҳоди Аврупо раиси додгоҳи олӣ, вазирони адлия ва маорифи Толибонро таҳрим кард

Date:

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои тозаеро алайҳи чандин мақомдори баландпояи гурӯҳи Толибон* ҷорӣ кардааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ" хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин шӯро рӯзи панҷшнбе, 20-уми июл, бо нашри эъломиzе гуфтаааст, ки Абдулҳаким Ҳаққонӣ – раиси додгоҳи олии Толибон, Абдулҳаким Шаръӣ – вазири адлия ва Мавлавӣ Ҳабибулло – сарпарасти вазорати маорифи Толибонро ба далели нақшашон дар “маҳрум кардани духтарон аз омӯзиш, таҳсил ва ҳуқуқи баробар бо мардон” таҳрим кардааст.

“18 нафар (ба шумули аъзои Толибон) ва 5 ниҳод ба далели масъулияти онҳо дар мавриди нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Афғонистон, Судони ҷанубӣ, Африқои марказӣ, Украина ва Русия таҳти таҳримҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтанд”, – омадааст дар эъломияи ин шӯро.

Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки “дар кишварҳои зикршуда ғайринизомён ба таври системавӣ мавриди хушунат қарор мегиранд ва афроде, ки ба тозагӣ таҳрим шуданд, аз маҳдудитҳо ба унвони абзоре барои эҷоди ваҳшат истифода мекунанд”.

Ҳамчунин, Иттиҳоди Аврупо алайҳи 12 нафар ва 5 ниҳоди нақзкунандаи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Русия маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Толибон то кунун дар мавриди ин маҳдудияти Иттиҳоди Аврупо вокунише нишон надодаанд.

Дар маҷмӯъ, дар саросари ҷаҳон 61 нафар ва 20 ниҳод то кунун таҳти таҳримҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, таҳримшудагон дар маърази масдудшудани дороиҳо ҳастанд ва ҳар гуна муомила бо онҳо мамнуъ буда, онон наметавонанд вориди Иттиҳоди Аврупо шаванд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...