Се рӯзи охир дар Сирдарё 3 нафар ғарқ шуданд

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Дар се рӯзи охир 3 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро ба дарёву обанборҳо партофтаанд. Масъулин тавонистаанд, ки як нафарро наҷот диҳанд, ду нафари дигар ба ҳалокат расидаанд.

Диловар Ҳамдамов, масъули бахши матбуоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) дар вилояти Суғд дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро аз болои “Пул кӯҳна”-и шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи 19-уми июл рух дода ва ӯро кормандони ин ниҳод наҷот доданд.

“Наҷотдиҳандагон баъди расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ӯро ба беморхонаи Ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд интиқол доданд. Вазъи саломатии ҷавон ҳоло хуб аст”, – гуфт масъули Раёсати КҲФ.

Сабаби аз болои пул худро ба дарё партофтани ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят таҳқиқ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи ҳодиса кормандони милитсия бо ҷавон ҳамсӯҳбат шуда, сабаби худкушиашро аз ӯ пурсидаанд. Аммо масъулин сабаби ба худкушӣ даст задани вайро ироа намекунанд.

Ҳамин тавр, рӯзҳои 17-19-уми июл як зани тахмин 35-сола ва як ҷавони 19-соли сокини ҷамоати Исфисор ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар дарёи Сир ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Бояд гуфт, ки ба гуфтаи масъулин, дар мавсими оббозӣ, яъне 1-уми июн то 21-уми июл 12 ҳолати дар дарёву кӯлу обанборҳо ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудаааст.

Ёдовар мешавем, ки маҷмӯан дар давоми 6 моҳи соли равон 23 ҳолати ғақршавию ҳалокати сокинон дар обанборҳои шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ба қайд гирифта шудааст. Масъулин тавонистаанд, ки то кунун 6 нафарро аз марг наҷот диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...