Се рӯзи охир дар Сирдарё 3 нафар ғарқ шуданд

Дар се рӯзи охир 3 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро ба дарёву обанборҳо партофтаанд. Масъулин тавонистаанд, ки як нафарро наҷот диҳанд, ду нафари дигар ба ҳалокат расидаанд. Диловар Ҳамдамов, масъули бахши матбуоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) дар вилояти Суғд дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи […]

Дар се рӯзи охир 3 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро ба дарёву обанборҳо партофтаанд. Масъулин тавонистаанд, ки як нафарро наҷот диҳанд, ду нафари дигар ба ҳалокат расидаанд.

Диловар Ҳамдамов, масъули бахши матбуоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) дар вилояти Суғд дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро аз болои “Пул кӯҳна”-и шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи 19-уми июл рух дода ва ӯро кормандони ин ниҳод наҷот доданд.

“Наҷотдиҳандагон баъди расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ӯро ба беморхонаи Ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд интиқол доданд. Вазъи саломатии ҷавон ҳоло хуб аст”, – гуфт масъули Раёсати КҲФ.

Сабаби аз болои пул худро ба дарё партофтани ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят таҳқиқ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи ҳодиса кормандони милитсия бо ҷавон ҳамсӯҳбат шуда, сабаби худкушиашро аз ӯ пурсидаанд. Аммо масъулин сабаби ба худкушӣ даст задани вайро ироа намекунанд.

Ҳамин тавр, рӯзҳои 17-19-уми июл як зани тахмин 35-сола ва як ҷавони 19-соли сокини ҷамоати Исфисор ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар дарёи Сир ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Бояд гуфт, ки ба гуфтаи масъулин, дар мавсими оббозӣ, яъне 1-уми июн то 21-уми июл 12 ҳолати дар дарёву кӯлу обанборҳо ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудаааст.

Ёдовар мешавем, ки маҷмӯан дар давоми 6 моҳи соли равон 23 ҳолати ғақршавию ҳалокати сокинон дар обанборҳои шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ба қайд гирифта шудааст. Масъулин тавонистаанд, ки то кунун 6 нафарро аз марг наҷот диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.