Вазири тандурустӣ табобати кӯдакони Исфараро таҳти назорат гирифт. Шояд онҳо ба хориҷа фиристода шаванд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба аёдати кӯдакони бемор аз Исфара ба бемористони «Шифобахш» рафт ва шӯрои пизишконро ҷамъ овард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аммаи писарбачаҳо Фотима, ки ҳоло ҳамроҳи онҳо дар бемористон аст хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, вазир табобати кӯдаконро ба ӯҳда гирифта, қасд дорад, масъалаи онҳоро бо ҳамкасбонаш аз Русия, Ӯзбекистон ва Эрон баррасӣ кунад.

«Дирӯз вазир ба ҳуҷраи бачаҳо омада, бо онҳо ним соат суҳбат кард. Ва баъд  шӯрои табибонро ҷамъ карданд, ки дар он ман ҳам низ ширкат доштам. Тамоми асноди ташхис ва муолиҷаи писарбачаҳо ба вазир ироа шуда, ҳоло ӯ бо ҳамкорони дигар кишварҳо вазъи онҳоро баррасӣ хоҳад кард. Ба мо ваъда доданд, ки дар сурати зарурат кӯдаконро барои табобати минбаъда ба дармонгоҳ (клиника)-ии хориҷӣ мефиристанд”, – афзуд Фотима.

Вай изҳор дошт, ки имрӯз кӯдакон худро беҳтар ҳис мекунанд ва ба тамоми табибони «Шифобахш» ва вазир изҳори сипос намуд.

Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки вазир вазъи бачаҳоро таҳти назорат гирифтааст ва ҳоло барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани онҳо ҳама чораҳо андешида мешаванд.

Хотирасон мекунем ки кӯдакони бемор аз Исфара, ки қаблан ҳамроҳи волидонашон дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе табобат гирифта буданд, дубора бемориашон хуруҷ карда, ба чанд рӯз пеш ба пойтахт оварда шуданд. Онҳо дар беморхонаи «Шифобахш» бистарӣ шуда будан.

Ёдовар мешавем, ки дар хонаводаи Маҳмудовҳо – Мустафохоҷаи 6-сола, Абдуллохони 10-сола ва волидони онҳо, ки қаблан барои табобат аз Исфара ба Душанбе оварда шуда буданд, ба ории коагулопатияи дуюмдараҷаи токсикӣ (Вторичная токсическая коагулопатия) гирифтор шуда буданд. Пас аз табобат рӯзи 7 июн онҳо аз бемористон рухсатӣ шуданд.

Аммо бо гузашти ҳудуди як моҳ, ба гуфтаи Фотима, саломатии писарбачаҳо бадтар шуд, ҳарчанд табобати кӯдакон ва волидони онҳо  қатъ нашуда буд ва онҳо зери назорати табибон табобатро идома медоданд. Чун ин беморӣ ҳадди аққал ду сол табобатро талаб мекунад.

"Акнун ташхис ва табобат аз имрӯз дубора оғоз мешавад, зеро аз даҳону бинии кӯдакон боз хун меравад ва дар баданашон доғҳои кабуд пайдо мешавад. Волидайни писарбачаҳо дар Исфара ҳастанд. Модарашон ба ҳолати қаблӣ баргаштааст, яъне боз касеро намешиносад ва аҳволи падарашон низ хуб нест", – афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки вазъи хонаводаи Маҳмудовҳо пас аз муроҷиати Фотима ба шабакаҳои иҷтимоӣ бо дархости кумак маълум шуд.

Пас аз ин, бо фармони вазири тандурустии кишвар ду писарбачаро барои табобат ба Душанбе интиқол доданд. Ва рӯзи 19 май волидони кӯдакон низ ба пойтахт оварда шуданд.

Ҳодиса аз он сар шуд, ки моҳи март ҳашт нафар аъзои оила баъди хӯрдани самбусаи алафӣ  бемор шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...