Боздошти ронандае, ки зани роҳрӯбро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 23-юми июл, ҷавони 22-солаи сокини пойтахт бо мошини тамғаи “БМВ” зани 54-солаи роҳрӯбро пахш намуда, ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 5:10 дақиқаи субҳи рӯзи 23-юми июл, дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ, аз самти кӯчаи А.Деҳотӣ ба самти кӯчаи С.Шерозӣ рух додааст.

“Ронанда як корманди корхонаи коммуналии ноҳияи Фирдавсиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – менависад РВКД.

Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян гардидааст, ки садамаи мазкурро Умарҷон Раҷабови 22-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 19 67 RT 01, сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.

Гуфта мешавад, номбурда баъд аз садамаи нақлиётӣ бо мақсади озод шудан аз ҷавобгарӣ воситаи нақлиёти худро ба кӯчаи Қаҳҳоров бурда пинҳон кардааст.

Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ронанда Умарҷон Раҷабов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...