Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро бо зодрӯзаш табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июл, Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистонро бо ҷашни зодрӯзаш табрик карда, ба ӯ “сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон” таманно кард. Ба навиштаи Хадамоти матбуоти сарвари давлат, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нақши назарраси Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари […]

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июл, Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистонро бо ҷашни зодрӯзаш табрик карда, ба ӯ “сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон” таманно кард.

Ба навиштаи Хадамоти матбуоти сарвари давлат, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нақши назарраси Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуда, ба Ӯзбекистони дӯст пешрафту шукуфоӣ хост.

Дар идомаи суҳбат, менависад Хадамоти матбуоти роҳбари давлат, президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд. Дар ин зимн омодагии қатъии ҷонибҳо ҷиҳати таъмиқи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи босамари муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.