Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи истеҳсолоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дар қонун кадом номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷро пешбинӣ шудаанд? Иҷрочӣ тибқи пешниҳоди кадом ҳуҷҷатҳо, истеҳсолоти иҷроро оғоз менамояд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» 8 июни соли 2022 қабул гардидааст. Қонуни мазкур тартиб ва шартҳои иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро муайян намуда, вазъи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақомоти иҷроро муқаррар менамояд.
Хуҷҷати иҷро – санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошанд, ки барои аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро оғоз намудани истеҳсолоти иҷро ва гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ асос мегарданд;
Дар моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷро пешниҳод гардидаанд.
Ҳуҷҷатҳои иҷро инҳо мебошанд:
1) варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст;
2)созишномаи тариқи нотариалӣ тасдиқшуда оид ба пардохти алимент;
3)навиштаҷоти иҷроия, ки аз ҷониби нотариуси давлатӣ ва шахси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро дода шудааст;
4) фармони судӣ;
5) қароре, ки аз ҷониби мақомоти (шахсони мансабдори) ваколатдори баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардидааст;
6) варақаи иҷро, ки суд дар асоси ҳалнома ва қарори суди ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст;
7) варақаи иҷро, ки суд дар асоси ҳалномаи суди давлати хориҷӣ ва суди ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) додааст;
8) қарори прокурор ҷиҳати бо тартиби маъмурӣ кӯчонидани шаҳрвандоне, ки биноро худсарона ишғол кардаанд ё дар биноҳое истиқомат мекунанд, ки хавфи фурӯравӣ доранд;
9) қарорҳои иҷрочии мақомоти иҷро оид ба ситонидани маблағи пардохти иҷро;
10) қарорҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.
Мӯҳтаво ё худ мундариҷаи ҳуҷҷати иҷроро кадом маълумотҳо ташкил медиҳанд?
Дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» оид ба муҳтавои ҳуҷҷати иҷро меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳуҷҷати иҷро ҳатман маълумоти зерин дарҷ карда шаванд:
1) номи суд ё мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;
2) парванда ва маводе, ки вобаста ба он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ва рақамҳои онҳо;
3) санаи қабули санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
4) номи ситонанда-шахси ҳуқуқӣ ва қарздор-шахси ҳуқуқӣ, суроғаи онҳо, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;
5) насаб, ном ва номи падари ситонанда-шахси воқеӣ ва қарздоршахси воқеӣ, маҳалли истиқомати онҳо, таърихи рӯз ва ҷои таваллуди қарздор-шахси воқеӣ ва ҷои кори ӯ, агар он маълум бошад;
6) қисми хулосавии санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
7) санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
8) санаи додани ҳуҷҷати иҷро.
Зимнан, ёдрас менамоем, ки ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст, бо имзои судя ва муҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад. Ҳуҷҷати иҷрое, ки дар асоси санади мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор дода шудааст, аз тарафи шахси мансабдори ин мақомот ва дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун муқаррар кардааст, аз тарафи шахсе, ки ҳуҷҷати иҷроро навиштааст, имзо карда мешавад. Ҳуҷҷати иҷро бо муҳри мақомоте, ки онро додааст, тасдиқ карда мешавад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


