Тоҷикистонро бори дигар тӯфони чангу ғубор фаро мегирад

Asia-Plus

Тоҷикистонро пас аз танаффуси кӯтоҳ бори дигар тӯфони чангу ғубор фаро мегирад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, он дар охири ҳафта оғоз мешавад.

“Рӯзҳои 28 ва 29 июл дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шаҳри Душанбе ва дар ғарби ВМКБ бар асари вазиши шамол тӯфони чангу ғубор дар назар дошта шудааст”, – менависад ин ниҳод.

Ҳамчунин, бино ба маълумоти ин ниҳод, имрӯз, 25-уми июл, дар пайи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш болоравии сатҳи об низ дар назар аст.

Ҳавошиносон ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки аз 25 то 27-уми июл дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ омадани сел низ дар назар аст.

Тӯфони чангу ғубор барои кӣ хатарнок аст?

Тӯфони чангу ғубор падидаи атмосферӣ буда, он ба саломатии гуруҳе аз одамон таъсири манфӣ дорад.

“Чунин ҳаво барои беморони аллергологӣ ва гирифторони бемориҳои роҳи нафас, бахусус бо астмаи бронхиалӣ хатарнок аст”, – мегӯяд Тоҷилло Олимов, ассистенти кафедраи бемориҳои гӯш, бинӣ ва гулӯи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии мутахассисони соҳаи тиб.

Ҳавои ғуборолуд барои кӯдакон, пиронсолон ва гирифторони бемориҳои дилу рагҳо (гипертонияи артериалӣ, дистония, стенокардия) низ хатарнок аст.

Чунин ҳаво боиси дарди сар, тангии нафас, душворӣ ва ҳатто қатъ шудани нафасгирӣ мегардад, илтиҳоби луобпардаи чашм, бинӣ ва ҳалқро ба вуҷуд меорад.

Хамчун чораи пешгирӣ гулӯву биниро бо намак шустан манфиатнок аст.

Ҳангоми ба берун баромадан аз дока истифода бурдан ҳатмист. Маслиҳат дода мешавад, ки ниқобро тар кардан хуб тар аст.

Чӣ бояд эҳтиёт кард?

Мутахассис тавсия медиҳад, ки дар давраи чанги зиёд одамони саломатиашон нохуб камтар ба кӯча баромада, тирезаҳои хонаро пӯшида нигоҳ доранд, дар хонаҳои истиқоматӣ ва корхона ҳаворо нам нигоҳ доранд. Ҳарчи бештар об нӯшанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бояд бештар ғизоҳои дорои моддаҳои антиоксидант – сабзавот, моҳӣ ва равғани зайтун истеъмол кард.

Барои шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг муҳим аст, ки фишори хунро дар як рӯз на камтар аз 2 маротиба санҷанд ва барои гипертонияи артериалӣ доимӣ ба духтур муроҷиат кунанд.

Инчунин, дар сурати пайдо шудани нишонаҳои бемории шадид ё бемадорӣ (нафаскашӣ, сулфа, бехобӣ) ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Ба куҷо занг занед?

Ба хадамоти ёрии таъҷилӣ бо рақами 103 занг занед. Ин рақам барои ҳамаи операторони мобилии Тоҷикистон амал мекунад.

Шумо метавонед аз рақамҳои корпоративӣ аз телефони мобилӣ (ш. Душанбе) занг занед:

Мошини ёрии таъҷилии «Истиқлол» – 2341116 / 2341119

Шӯъбаи ёрии таъҷилии дармонгоҳи Ибни Сино – (44) 6400102 / (44) 6400103

Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилӣ – 2213586 / 2213331 / 2273441.

Дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулодда ба рақами 112 занг занед ё ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ занг занед: 223-13-11, 93 880 28 19.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...