Муноқишаи навбатӣ дар роҳи Ворух. Шарҳи мақомоти сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқишаи навбатӣ дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон бо сабаби эҷоди монеа ба ҳаракати нақлиёти шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯйи шаҳрванди Қирғизистон рух дода, баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар хотима ёфтааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии […]

Asia-Plus

Муноқишаи навбатӣ дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон бо сабаби эҷоди монеа ба ҳаракати нақлиёти шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯйи шаҳрванди Қирғизистон рух дода, баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар хотима ёфтааст.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муноқиша 24-уми июли соли равон, соати 17:30 рух дода, ба нақли сокинони маҳал, боиси барои як муддат қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Исфара – Ворух гардидааст.

“Қатораи мошинҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух иборат аз 8 адад барои гузаронидани тӯйи арӯсу домодии фарзандонашон ба самти шаҳри Исфара ҳаракат дошт. Дар наздикии даромадгоҳи деҳаи “Оқсой” қатори мошинҳо аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, сокини Ҷамоати деҳоти Оқсойи кишвари ҳамсоя, ки дар ҳолати мастӣ мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, рақами қайди давлатиаш 134 ACJ 03 KG — ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад. Сипас аз мошин берун шуда, мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди сангборон қарор медиҳад. Дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд”, – таъкид мегардад дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон.

Дар ин изҳорот зикр мешавад, ки баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид доир гардид ва ба муноқиша хотима дода шуд.

“Вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон муътадил аст. Комиссияи муштараки дуҷониба сабабу омилҳои асосии муноқишаро байни шаҳрвандони ду давлат муайян менамояд”, – зикр мегардад дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Қирғизистон ҳодисаро ба таври дигар шарҳ медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, ду сокини деҳаи Оқ-сойи он кишвар дар роҳи Оқ-сой-Кук-тош ҳаракат мекарданд. Дар ин ҳангом корвони аз 8 мошин иборати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷамоати деҳоти Ворух ба деҳаи Хоҷаи Аъло ҳаракат мекарданд, монеи ҳаракати мошини қирғизистониҳо шудааст.

Ҳамин тавр, дар маҳалли маъруф ба “Дача” миёни шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон занозанӣ рух додааст.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, барои хомӯш кардани низоъ корманди пулиси Қирғизистон ба ҷои ҳодиса рафтааст. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, гӯиё сокинони Тоҷикистон ба пулиси Қирғизистон ҳамла кардаанд.

Ин ниҳод низ таъкид мекунад, ки баъди дахолати мақомти ду кишвар муноқиша бартараф гардида, ҳоло вазъ дар сарҳад мӯътадил аст.

Ёдовар мешавем, ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 980 км буда, қисме аз он аломатгузорӣ нашудааст, даҳсолаҳо боиси баҳсу муноқишаҳо будааст.

Махсусан, муноқишаҳои мусаллаҳи ду соли пеш – 2021 ва 2022 боиси маргу ҷароҳат бардоштани садҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид.

Ҳар ду ҷониб пайваста аз ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои сарҳадӣ сухан мекунанд ва мулоқотҳо доир менамоянд, аммо то ҳол ҳудуди 300 км сарҳад мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.