Нархи маҳсулот зиёд боло нарафт… Пасттарин сатҳи таваррум дар таърихи Тоҷикистон?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар нимаи аввали соли 2023 нархҳо ва тарофаҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 2,3% боло рафтаанд. Дар ин бора Агентии омор хабар медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1,6 банди фоизӣ камтар аст.

Қобили зикр аст, ки дар охири соли 2022 мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,2% буд.

Афзоиши камтарини нарху тарофаҳо дар тамоми таърихи истиқлолияти ҷумҳурӣ танҳо дар соли 2013 – 3,9 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Чӣ бештар гарон шуд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ:

Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2023 муқаррар кардааст, мисли чанд соли охир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

Пешгӯӣ чӣ буд?

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ қаблан пешбинӣ карда буданд, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 “ба тадриҷ коҳиш ёфта, дар доираи ҳадафи 4-8%-и БМТ боқӣ хоҳад монд ва ба ин сиёсати қатъии пулию қарзӣ мусоидат мекунад”.

“Коҳиши талабот дар ҷаҳон содироти филизот ва маъданҳои қиматбаҳо аз Тоҷикистонро кам хоҳад кард”, – мегӯянд таҳлилгарони БҶ.

Мутахассисони Бонки Рушди АвруОсиё дар таҳлили моҳи апрели худ сатҳи таваррумро дар ҷумҳурӣ то охири сол тақрибан дар як сатҳ – 6,0 фоиз пешбинӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои Бонки Осиёии Рушд мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бештар – 7,0% пешгӯӣ карда буданд.

Онҳо пешгӯии худро дар “Шарҳи рушди Осиё” бо “пастшавии эҳтимолии қурби пули миллӣ дар якҷоягӣ бо коҳиши қурби рубли русӣ, афзоиши минбаъдаи қарзи истеъмолӣ, афзоиши маоши хизматчиёни давлатӣ ва нафақа” рабт дода буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...