“Мепурсанд, ки чаро наворро ба журналистон додам”. Идомаи қазияи латукӯби кормандони милитсия дар Истаравшан

Руқия  Ниёзқулова, модари духтари ноболиғе аз шаҳри Истаравшан, ки даъво дорад, кормандони милитсияи шаҳр духтарашро зӯран дар мошини худ нигоҳ дошта, нисбаташ рафтору пешниҳоди ғайриахлоқӣ кардаанд, мегӯяд, кормандони ҳукумат ва додситонии шаҳр ба ӯ фишор меоранд. Ин зан дирӯз, 24-уми июл, зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ӯро ба ҳукумати шаҳр даъват карда, оид ба […]

Руқия  Ниёзқулова, модари духтари ноболиғе аз шаҳри Истаравшан, ки даъво дорад, кормандони милитсияи шаҳр духтарашро зӯран дар мошини худ нигоҳ дошта, нисбаташ рафтору пешниҳоди ғайриахлоқӣ кардаанд, мегӯяд, кормандони ҳукумат ва додситонии шаҳр ба ӯ фишор меоранд.

Ин зан дирӯз, 24-уми июл, зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ӯро ба ҳукумати шаҳр даъват карда, оид ба навори аз ҷараёни муноқиша паҳншуда пурсон шудаанд.

“Умедвор будам, ки бархӯрди муносиб мекунанд ва ба духтари ноболиғам, ки ҷабрдида аст, кӯмаки равонӣ менамоянд, аммо мутаассифона, онҷо аз мо дар бораи навор пурсиданд ва гуфтанд, ки “магар он дурӯғ буд, ки аз саҳифаи Фейсбук пок кардед?”, – гуфт Руқия  Ниёзқулова.

Ҳамчунин, ин зан иддао дорад, ки 5 рӯз пеш низ ӯро ба додситонии шаҳр даъват карда, оид ба навори аз ҷойи ҳодиса паҳншуда пурсидаанд.

“Аз ман пурсиданд, ки чаро бо журналистон суҳбат кардам ва наворро ба онҳо додам. Гуфтанд, ки агар бори дигар бо журналистон суҳбат кунам, маро низ ҳабс мекунанд”, – мегӯяд Руқия  Ниёзқулова.

Бояд гуфт, наворе, ки гуфта мешавад дар ҳукумат ва додситонии шаҳри Истаравшан ба он таваҷҷуҳ кардаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, дар он саҳнаи муноқишаи кормандони милитсия ва сокинони деҳоти Лакати ин шаҳр сабт шудааст.

Зулфия Эркаева, мутахассисии шуъбаи рушди иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан даъвати Руқия Ниёзқуловаро ба ҳукумат тасдиқ карда, аммо мегӯяд, дар хусуси навор бо ин зан суҳбат накардаанд.

“Ӯро дар асоси аризаи пешниҳодкардаи вакили дифояш ба ҳукумати шаҳр даъват кардем. Дар аризааш хоҳиш карда буд, ки дар деҳаашон маҷлис баргузор намуда, ҳуқуқи духтари ноболиғашро ҳимоя кунем. Пас аз таҳлили пурра, мо нақша дорем, ки маҷлиси комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кудакро баргузор намоем. Аммо дар бораи навор чизе нагуфтем”, – зикр намуд Зулфия Эркаева.

Дар додситонии шаҳри Истаравшан бошад, нахостанд оид ба ин қазия суҳбат кунанд. Ба занги телефонии мо, нафаре аз ин ниҳод посухи кӯтоҳ дод, ки “мактуб кунед, посух медиҳем”.

Ёдовар мешавем, ки қазияи муноқишаи сокинон бо кормандони милитсияи шаҳри Истаравшан оғози моҳи июл расонаӣ гардид. 2-юми июли соли ҷорӣ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри гузорише аз боздошти чанд сокинони шаҳри Истаравшан хабар дод, ки моҳи майи соли 2023 кормандони милитсияро ҳангоми “таҳқиқи як хабари оперативӣ” латукӯб кардаанд. Тафсилоти бештар ироа нагардид. Аммо пас аз чанде бо сабаби номаълум навор ҳазф карда шуд.

Пайвандони боздоштшудагон дар суҳбат ба рӯзноманигорон иддао карданд, ки “кормандони милитсия духтари ноболиғеро ба мошин савор карда ба саҳро бурданд ва пешниҳоди ноҷо карданд”. Дар пайи ин, сокинони деҳа хостанд духтарро наҷот диҳанд ва бо кармандони милитсия муноқиша кардаанд.

Дар пайи ин ҳодиса, нисбати 9 нафар бо се модда, аз ҷумла авбошӣ ва “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳӣ 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Мақомот бо гузашти як моҳ аз расонаӣ шудани ин ҳодиса, онро расман шарҳ намедиҳанд ва кӯшишҳои мо ҳам барои дастрас кардани назари ниҳодҳои дахлдор натиҷа надод. Ҳамин тавр, маълум нест, ки таҳқиқи ин қазия дар кадом марҳтила қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.