“Як нофаҳмии кӯчак буд”. Раиси шаҳри Исфара муноқишаи ахир дар марзро шарҳ дод

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Муноқишаи ахир миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон “дар пайи як нофаҳмии кӯчак” рух дода, тариқи гуфтушунид ҳал шудааст. Дар ин бора Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара иттилоъ дод.

Ӯ, ки 26-уми июл дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, айни замон  вазъ дар марзи ҳарду кишвар ором аст.

“Қатораи мошинҳои сокинони ҷамоати деҳоти Ворух, ки барои гузаронидани тӯйи арӯсӣ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат доштааст, гӯё ба ҳаракати як сокини ҳамсоякишвар  монеа эҷод кардааст. Аз ин сабаб, миёни онҳо нофаҳмӣ ва муноқиша рух медиҳад”, – гуфт Баҳоваддин Баҳодурзода.

Раиси шаҳри Исфара зикр намуд, ки муноқиша дар фурсати кӯтоҳ ва баъди музокираи масъулини ду ҷониб хомӯш карда шуд.

“Худи ҳамон рӯз мо бо роҳбарият ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Бодканд мулоқот карда, масъаларо баррасӣ намудем ва муноқиша бартараф шуд. Ҳоло вазъ ором аст”, – афзуд Баҳодурзода.

Ёдовар мешавем, ки муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 24-уми июли соли равон рух дода, ба нақли сокинони маҳал, боиси барои як муддат қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Исфара – Ворух гардид.

Як рӯз баъд аз ҳодиса Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бо пахши изҳорот гуфт, сабаби аслии муноқиша рафтори як шаҳрванди Қирғизистон буд, ки дар ҳолати мастӣ бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳои сокинони Ворухро баста, онҳоро сангборон мекунад.

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Қирғизистон бошад, ҳодисаро ба таври дигар шарҳ дода, зикр кард, ки корвони мошини шаҳрвандони Тоҷикистон монеи ҳаракати мошини қирғизистониҳо шудааст ва ин боиси муноқиша гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 980 км буда, қисме аз он аломатгузорӣ нашудааст, даҳсолаҳо боиси баҳсу муноқишаҳо будааст.

Махсусан, муноқишаҳои мусаллаҳи ду соли пеш – 2021 ва 2022 боиси маргу ҷароҳат бардоштани садҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид.

Ҳар ду ҷониб пайваста аз ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои сарҳадӣ сухан мекунанд ва мулоқотҳо доир менамоянд, аммо то ҳол ҳудуди 300 км сарҳад мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...