Хатлон: 5 ҳолати сабти ақди никоҳ бо хориҷиён дар шаш моҳ

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, дар вилояти Хатлон 5 ҳолати бастани ақди никоҳ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиён сабт шудааст.

Дар ин бора Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Дар маҷмӯъ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 5 ҳолати бастани ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ як зани тоҷик бо марди чинӣ ақди никоҳ бастааст, дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Кӯлоб мардҳои тоҷик бо занҳои узбекистонӣ оила бунёд кардаанд ва дар ноҳияи Хуросон марди тоҷик бо зани тоҷики бидуни шаҳрвандӣ хонадор шудааст”, – гуфт Бунафша Раҳимзода.

Ба иттилои ин масъули САҲШ дар ҳамин давраи соли гузашта се ҳолати бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ осон нест ва талаботҳои худро дорад. Тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ҳар нафаре, ки мехоҳад бо шаҳрванди Тоҷикистон ақди никоҳ бандад, бояд пеш аз ҳама шартномаи ақди никоҳро имзо кунад ва як соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ дошта бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...