Хатлон: 5 ҳолати сабти ақди никоҳ бо хориҷиён дар шаш моҳ

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, дар вилояти Хатлон 5 ҳолати бастани ақди никоҳ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиён сабт шудааст. Дар ин бора Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. “Дар маҷмӯъ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 5 ҳолати […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, дар вилояти Хатлон 5 ҳолати бастани ақди никоҳ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиён сабт шудааст.

Дар ин бора Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Дар маҷмӯъ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 5 ҳолати бастани ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ як зани тоҷик бо марди чинӣ ақди никоҳ бастааст, дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Кӯлоб мардҳои тоҷик бо занҳои узбекистонӣ оила бунёд кардаанд ва дар ноҳияи Хуросон марди тоҷик бо зани тоҷики бидуни шаҳрвандӣ хонадор шудааст”, – гуфт Бунафша Раҳимзода.

Ба иттилои ин масъули САҲШ дар ҳамин давраи соли гузашта се ҳолати бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ осон нест ва талаботҳои худро дорад. Тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ҳар нафаре, ки мехоҳад бо шаҳрванди Тоҷикистон ақди никоҳ бандад, бояд пеш аз ҳама шартномаи ақди никоҳро имзо кунад ва як соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ дошта бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.