Рақибони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2026 маълум шуданд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Рақибони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2026 маълум шуданд. Инҳо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти Камбоҷа – Покистон мебошанд. Ин дастаҳо дар гурӯҳи G бозӣ мекунанд. Бозиҳои аввал моҳи ноябри соли 2023 баргузор мешаванд.

То оғози чемпионати ҷаҳон ҳоло 3 сол вақт ҳаст, лекин дар Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) аллакай марҳилаи интихобӣ оғоз мегардад.

Рӯзи 27 июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур (Малайзия) маросими қуръакашии ду марҳилаи аввали интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026, ки дар се кишвари Амрикои Лотинӣ – ИМА, Канада ва Мексика доир мегардад, баргузор шуд.

Дар Конфедератсияи футболи Осиё марҳилаи интихобии Чемпионати футболи ҷаҳон-2026 аз 5 давр иборат аст.

Дар марҳилаи аввал 20 дастаи рейтингашон пасти ФИФА бо ҳамдигар ду бозӣ гузаронида, 10 дастаи ғолиб ба марҳилаи минбаъда роҳ меёбанд.

Дар марҳилаи дуюм онҳо ба 26 дастаи рейтингашон баланд ҳамроҳ шуда, ин 36 даста ба 9 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 4 даста тақсим мешаванд.

Дастаҳое, ки зинаҳои 1-ум ва 2-юмро ишғол мекунанд, ба марҳилаи сеюм баромада, ҳамзамон ба даври финалии мусобиқаи навбатии Ҷоми Осиё роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи сеюм 18 даста ба 3 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 6 даста тақсим мешаванд. Ду дастаи аввали ҳар кадоме аз гурӯҳҳо мустақиман ба даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳхат мегиранд.

Дастаҳое, ки зинаҳои 3-юм ва 4-умро ишғол мекунанд, дар марҳилаи 4-ум ба 2 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 3 даста тақсим шуда, дастаҳои ғолиби ин ду гурӯҳ ба тимҳои иштирокчии даврии финалии ЧҶ-2026 ҳамроҳ мешаванд.

Ва дар ниҳоят дар даври 5-уми марҳилаи интихобӣ ду дастае, ки дар даври 4-ум дар гурӯҳҳои худ зинаи дуюмро ишғол мекунанд, бо ҳамдигар бозӣ карда, ғолиби вохӯрӣ ба бозии байниқитъавӣ роҳхат мегирад.

Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 1

16 ноябри соли 2023

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Даври 2

21 ноябри соли 2023

Камбоҷа/Покистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3

21 марти соли 2024

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Даври 4

26 марти соли 2024

ТОҶИКИСТОН – Арабистони Саудӣ

Даври 5

6 июни соли 2024

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Даври 6

11 июни соли 2024

ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа/Покистон

Натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи 2-юм дар Осиё  

Гурӯҳи G: ТОҶИКИСТОН, Урдун, Арабистони Саудӣ, ғолиби ҷуфти  Камбоҷа-Покистон

Гурӯҳи А: Қатар, Ҳиндустон, Кувейт, ғолиби ҷуфти Афғонистон – Муғулистон

Гурӯҳи В: Ҷопон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, ғолиби ҷуфти  Мянма – Макао

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Таиланд, ғолиби ҷуфти  Сингапур – Гуам

Гурӯҳи D:  Уммон, Қирғизистон, Малайзия, ғолиби ҷуфти Тайбэйи Чин –  Тимори Шарқӣ

Гурӯҳи Е:  Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, ғолиби ҷуфти  Гонконг – Бутан

Гурӯҳи F:  Ироқ, Ветнам, Филиппин, ғолиби ҷуфти  Индонезия – Бруней

Гурӯҳи H:  АМА, Баҳрайн, ғолибони ҷуфтҳои Яман – Шри Ланка, Непал – Лаос

Гурӯҳи I:  Австралия, Фаластин, Лубнон, ғолиби ҷуфти  Малдив – Бангладеш.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...