Дар Хатлон давоми шаш моҳ беш аз 380 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам хӯрдааст

Давоми шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон беш аз 380 ташкилоти ҷамъиятӣ бо сабаби камбуди маблағ барҳам хӯрдааст ва ин беш аз 50 дарсади ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятии дар вилоят сабтшударо ташкил медиҳад Сафар Салимзода, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотияш изҳор дошт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дақиқан […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Давоми шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон беш аз 380 ташкилоти ҷамъиятӣ бо сабаби камбуди маблағ барҳам хӯрдааст ва ин беш аз 50 дарсади ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятии дар вилоят сабтшударо ташкил медиҳад

Сафар Салимзода, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотияш изҳор дошт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дақиқан 383 ташкилоти ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барҳам хӯрданд.

“Аз сабаби он ки бисёри онҳо барои фаъолияти минбаъда маблағ пайдо накарданд, худи муассисон бо ариза барои барҳам додани ташкилоташон муроҷиат карданд”, – гуфт Сафар Салимзода.

Ба иттилои ӯ, дар оғози сол дар вилояти Хатлон 589 ташкилоти ҷамъиятӣ, 115 филиал ва 24 намояндагӣ фаъолият мекарданд ва ҳоло теъдоди онҳо ба 193 ташкилоти ҷамъиятӣ, 97 филиал ва 18 намояндагӣ расидааст. Ғайр аз ин, дар вилоят 13 ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

Сафар Салимзода  гуфт, дар шаш моҳи соли равон ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят аз манбаъҳои гуногун ба маблағи 4 миллиону 528,9 ҳазор сомонӣ ва 62 ҳазору 526,3 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.