Ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон дар шаш моҳ ҳудуди 175 миллион доллар дарёфт карданд

Даромади ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ, муодили 175 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.  Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 12% зиёдтар аст. Дар ин бора Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 28-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба иттилои […]

Даромади ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ, муодили 175 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.  Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 12% зиёдтар аст.

Дар ин бора Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 28-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои ӯ, даромади ширкатҳои хусусӣ беш аз 1,8 миллиард сомонӣ ва корхонаҳои тобеи Хадамоти алоқа (Тоҷиктелеком, Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи тоҷик” ва дигар воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа) ҳудуди 100 миллион сомониро ташкил додааст.

Зикр гардид, ки ба ҳолати 1-уми июли соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4,5 миллион корбари интернет ва 8,3 миллион муштарии мобилӣ ба қайд гирифта шуда, ки ҳудуди 5,6 миллион нафари онҳо фаъол мебошанд.

Ҳамчунин, ба таъкиди ин масъули Хадамоти алоқа, дар шаш моҳи ахир аз ҳисоби зиёд кардани тарофаҳо нархи интернет 15 фоиз арзон карда шуда, баъди интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷумҳурӣ 443 истгоҳҳои нави базавӣ насб гардидааст.

Илҳом Атоев эътироф кард, ки ҳоло низ шикоятҳо аз суръати пасти интернет сабт мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар шохиси ҷаҳонии Speedtest, ки моҳи апрели соли ҷорӣ нав карда шуд, Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар байни 138 кишвари ҷаҳон дар ҷои 129-ум ва аз рӯи суръати интернети ноқилӣ бошад дар байни 180 кишвар дар ҷои 130-ум қарор дорад.

Барои муқоиса, Қазоқистон дар ҷойҳои 72 ва 101-ум, Қирғизистон – 83 ва 84-ум, Ӯзбекистон – 104 ва 89-умро ишғол кардаанд.

Дар раддабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯи нархи интернет (Worldwide pricing data mobile) Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1,94 доллар барои 1 ГБ ҷои 131-умро ишғол мекунад.

Поинтарин нарх дар Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон (0,17 доллар) ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯи ин нишондод дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол мекунад. Ӯзбекистон дар ҷои 15-ум (0,37 доллар), Қазоқистон дар ҷои 16-ум (0,37 доллар), Афғонистон дар ҷои 64-ум (0,90 доллар) қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.