“Ҳатто забони давлатӣ камтар омӯзонида мешуд”. Вазорати маориф сабаби давлатӣ шудани Литсейи Оқохонро шарҳ дод

Литсейи Оқохон чаро давлатӣ шуд? Сабаби асосии давлатӣ кардани Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он будааст. Ин нуктаро имрӯз, 1-уми август, Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд. Ӯ гуфт, ки низоми таълим дар кишварро Стандарти давлатии таҳсилот муайян […]

Asia-Plus

Литсейи Оқохон чаро давлатӣ шуд?

Сабаби асосии давлатӣ кардани Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он будааст.

Ин нуктаро имрӯз, 1-уми август, Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.

Ӯ гуфт, ки низоми таълим дар кишварро Стандарти давлатии таҳсилот муайян ва муқаррар мекунад, вале он аз ҷониби муаллимони Литсейи Оқохон дар Хоруғ сарфи назар шудааст.

“Ҳатто забони давлатӣ камтар омӯзонида мешуд ва ба забонҳои хориҷӣ афзалият медоданд”, – шарҳ дод муовини вазири маориф ва илм.

Бояд гуфт, ки Литсейи Оқохон пас аз 25 соли фаъолият моҳе пештар давлатӣ карда шуд. Ин муассисаи таълимии зертобеи Шабакаи Оқохон, минбаъд ҳамчун “Литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат” ва зери назари Вазорати маориф ва илм кор мекунад.

“Директори мактаб барои дахолат ба хариди либос ҳақ надорад”

Зимни нишасти матбуотӣ, ҳамчунин масъалаи хариди либоси мактабӣ низ баррасӣ гардид.

Масъалаи мазкур ҳар сол қабл аз оғози соли хониш доғ мешавад, зеро баъзе аз масъулини мактабҳои кишвар волидонро маҷбур мекунанд, барои фарзандонашон аз мағозаҳои муайян либос харанд.

Масъулини вазорат мегӯянд, хариди либоси мактабӣ аз ҷойҳои мушаххас иҷборӣ нест ва волидону хонандагон ҳақ доранд, ки либоси мактабии худро озодона харанд.

“Директори мактабҳои миёнаи кишвар ҳақ надоранд, ки волидони хонандагонро маҷбур созанд, то либоси фарзандашонро аз ҷои хосе харидорӣ кунанд”,  – гуфт Зиёдулло Абдулзода.

Ӯ таъкид намуд, ки либосҳои ягона танҳо тавсиявӣ буда, директорони мактабҳо танҳо метавонанд барои осон шудани харидории либос ба волидон мусоидат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.