Дар ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирон дар Чехови вилояти Маскав 2 нафар ҳалок шуданд

Дар назди яке аз манзилҳо дар кӯчаи Земскии шаҳри Чехов ҷанҷолу занозанӣ бо истифода аз корд рух дод, ки дар натиҷа 2 нафар аз захмҳои бардоштаашон ҳалок шуданд. Дар ин бора ба ТАСС аз хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав хабар додаанд. “Тибқи маълумоти пешакӣ, байни гурӯҳи шаҳрвандон муноқиша сар зада, дар ҷараёни […]

Asia-Plus

Дар назди яке аз манзилҳо дар кӯчаи Земскии шаҳри Чехов ҷанҷолу занозанӣ бо истифода аз корд рух дод, ки дар натиҷа 2 нафар аз захмҳои бардоштаашон ҳалок шуданд. Дар ин бора ба ТАСС аз хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав хабар додаанд.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, байни гурӯҳи шаҳрвандон муноқиша сар зада, дар ҷараёни он ду нафар аз корд ҷароҳат бардоштанд ва аз захмҳои гирифтаашон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

То ин дам муфаттишон шахсияти яке аз фавтидагонро муайян кардаанд. Ӯ зодаи 28-солаи Тоҷикистон будааст. Шахсияти фавтидаи дуюм ҳоло маълум нест. Мақомоти пулис гумонбарон дар кушторро ҷустуҷӯ дорад, менависад news.ru.

Пас аз рух додани ин ҳодиса Раёсати минтақавии Кумитаи тафтишот дар бораи одамкушӣ парванда боз кардааст.

Бино ба маълумоти ҳоло тасдиқношуда, пеш аз ҳодиса яке аз ҳалокшудагон дар қаҳвахонаи назди маркази савдои “Карнавал” мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Баъдан ӯ қасос гирифтан хоста, ҳаммаслаконашро ҷамъ мекунад, вале ҳалок мешавад.

Тавре ки манбаъҳои “Чехов Вид” хабар медиҳанд, дар ин ҳодиса ҷабрдидаи сеюм ҳам будааст. Барои боздошти ӯ ва гумонбарон дар куштор мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷангалро аз назар гузаронида, сабтҳои виедоиро аз камераҳои мушоҳидаи берунӣ месанҷанд.

Гуфта мешавад, дар ҷойи содир шудани ҷиноят силоҳи куштор низ дарёфт шудааст, ки ба арматураи дароз монанд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио